Моҳи январ одатан дар мақомоти давлатӣ ва низомӣ натиҷаҳои соли сипаришударо ҷамъбаст мекунанд. Додситонии вилояти Суғд низ натиҷагирӣ карда изҳор дошт, ки соли 2008 ҳодисаи худкушӣ дар ҳудуди вилоят бисёр буд. Гоҳо бо теъдоди зиёди ин ҳодиса Суғд дар кишвар ҷои якумро соҳиб гашта буд. Соли гузашта дар вилоят 240 адад ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони хеш ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод назар ба соли 2007 ду адад бештар гаштааст.
Мушахастар бо забони арқом ҳарф занем дар давоми як сол 174 ҳодисаи худкушӣ ва 66 сӯиқасд ба худкушӣ дар қаламрави вилояти Суғд ба чашм мерасад. Худкушӣ дар оила, дар коргоҳ дар қисмҳои низомӣ ва умуман дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа ҷой дорад. Дар ин бора маҷлису вохӯриҳо дар маҳалҳо гузаронида шудаанд, дар навиштаҷоти матбуот ин падида мавриди накӯҳиш қарор гирифт, вале бо ин ҳама ташвиқоту тарғибот пеши роҳи аз байн бурдани ин падидаи номатлуб гирифта нашудааст. Боз ҳастанд нафароне, ки сар ба ҳалқаи дори худ мегузоранд, барои сӯзонидани ҷисми худ зарфи бензиндорро мехаранд, ба ҷои шаҳд сиркои сафедро менӯшанд ва боз роҳҳои дигари безорӣ аз ҷонро меҷӯянду истифода мебаранд.
Уламои дини Ислом дар минбари масҷидҳо нораво будани ин амалро зикр мекунанду ояти Қуръон ва аҳодиси набавиро мегӯянд. Дар мавъиза ва амри маъруфҳояшон дар ин бора сухан карда талош мекунанд, ки мардум даст ба худкушӣ назананд. Аммо боз ин падида ҷой дорад.
Андешае роиҷ буд, ки бештар занон даст ба худкушӣ мезананд, зеро дар аксари мавридҳо онҳо ба хушунати хонаводагӣ рӯ ба рӯ мегарданд, аммо бино бар ахбори Додситони вилояти Суғд, рақамҳо баракси ин ҳолатро нишон медиҳанд. "Вобаста ба мансубияти ҷинсӣ 129 нафар ё 53,7 % мард ва 87 нафар ё 46,2% занҳо даст ба ин амали номатлуб задаанд "- хабар медиҳад, Додситони вилояти Суғд. Сабабҳои ин падидаро намояндагони табақаҳои гуногуни аҳли зиё ва мардуми оддӣ ба чандин омил вобаста медонанд, ки аз ҳама бештар мушкилоти иқтисодӣ ва қашшоқиро ном мебаранд.
Дар аксарияти ҳолатҳо худкушӣ дар манзили истиқоматӣ рух додааст. "Аз миқдори умумии ҳодисаҳо 211 ҳолат ва ё 87,9 % дар манзили истиқоматӣ (ҳуҷра, оғилхона, амборхона) содир шудаанд".
Борҳо пирони кӯҳансоли рӯзгордида дар насиҳатҳояшон ба ҷавонон мегӯянд, ки худкушӣ роҳи ҳалли мушкилоти рӯзгор нест. Таълимоти дини мубини Ислом ин падидаро комилан маҳкум мекунанд. Аммо, мутаассифона, дар макотиби Тоҷикистон ва аз ҷумла дар макотиби Суғд низ фанни маърифати динӣ таълим дода намешавад. Танҳо барои синфҳои болоӣ таърихи динҳо тадрис мешавад, ки барои таълим додани ин гуна масъалаҳои ҳаётӣ шояд соатҳои ҷудошуда нокифоя бошад. Шояд яке аз сабабҳои рӯй овардан ба худкушӣ аз тарафи мардум маҳз беэътиқодӣ ба дину охират низ бошад.
Ин ҷо мехоҳам аз натиҷаҳои таҷрибаи илмии яке аз донишмандони шинохтаи рус Константин Коротков сухан кунам, бо умеди он ки шояд, ин далели илмӣ мардумро каме бошад ҳам аз худкушӣ боздорад. Ин олим дар натиҷаи таҳқиқотҳои бисёрсолааш ба хулоса омад, ки дар ниҳод ва ҷасади шахси бо худкушӣ аз дунё рафта оромии энергия ҳис карда намешавад. Дар илм истилоҳи "эффекти Кирлиан" мавҷуд аст. Ин чӣ аст? Ҳар чизи мавҷуда хоҳ растанӣ ва хоҳ ҷисми сахт ва ё чизи ҷондор вақте ба утоқе, ки майдони электромагнитӣ дорад, дохил мешавад, аз худаш нури кабудчатоб хориҷ мекунад. Ин нур давра ва шӯълаи ба худаш хосро дорад. Масалан нурафкании симех ва ё санг ба ҳамдигар хеле монанданд. Аммо гул ва ё дасти одамизод аз худ дар ин утоқ партави аҷоиберо ҳосил мекунанд, ки як манзараи нотакрор аст. Профессор Коротков андешид, ки таъсири "эффекти Карлиан"-ро дар ҷасади инсонҳо ҳам санҷида бинад. Чандин ҷасади шахси бо аҷали муқаррарӣ фавтидаро дар ташхисгоҳ таҷриба карда дид, ки то се рӯз нурафканиаш гуногун мешавад ва пас аз се рӯз аз тани фавтида нури кабудчатоб ба оромӣ хориҷ мегардад. Аммо дар шахсоне ки худашонро куштаанд, нурафканӣ ҳаргиз қатъ намегардад, дар муқоиса бо ҷасади шахсони бо аҷали худ фавтида тани худкуш ором намегирифтааст. Профессор ин таҷрибаашро ҳанӯз 18-19 сол пештар гузаронида буд ва то имрӯз ӯ чандин дастгоҳҳои компутариро созмон дода, ин падидаро меомӯзад. Ташхисгоҳи ӯ алҳол дар шаҳри Санкт-Петербург воқеъ аст.
Шароити пасти иқтисоди хонавода бойиси даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон бошад, пас ҳодисаи худкушӣ дар сафи артиш, дар қисмҳои низомӣ низ ҷой дорад. Соли гузашта 12 нафар сарбозон дар Суғд фавтида буданд, ки нисфи онҳо бо роҳи худкушӣ аз ҳаёт маҳрум гаштаанд. Афсари горди миллӣ майор, Бобоxон Раҳмоналиев мегӯяд, ки яке аз сабабҳои даст ба худкушӣ задани сарбозон нотинҷиву нобасомонии оилавӣ аст. Аммо сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов дар робита ба ин изҳор дошт, ки дар қисмҳои низомӣ ҷонишини қисми тарбиявӣ ва кор бо ҳайъати шахсӣ фаъолияти кифоя намебарад. Инчунин рӯҳияи сарбозон омӯхта намешаваду ба нафаре яроқи оташфишон бовар карда мешавад, ки майл ба худкушӣ дорад. Ҳодисаи ҳангоми посбонӣ худашро бо яроқ ба қатл расонидани сарбоз ҷой дорад. Аз афти кор шароити зисту зиндагонии сарбозон дар қисмҳои низомии вилояти Суғд низ мутобиқи матлаб нест. Комиссари ҳарбии вилояти Суғд Аъзам Қосимов арз медорад, ки аз тарафи Оҷонсии махсуси таъминоти ҳарбӣ сарулибоси пастсифат ба сарбозон таҳия ва пешкаш мешавад. Бар замми ин дар таъмини хӯрокворӣ низ мушкилоти фаровоне ҷой дорад. Бино бар гуфти генерал Қосимов круппа ва ғизое, ки ба қисмҳои низомии вилоят оварда мешаванд, бо нархи гарон аз Русия харидорӣ шуда ба Душанбе оварда мешаванд ва аз марказ ба вилоятҳо тақсим мегардад. Ин харҷи барзиёд ва исрофи маблағи буҷа аст. Ба ҷои гречка ва дигар круппаҳо метавонем, ки мошу биринҷи маҳаллиро истифода барем, ки ҳам арзон ва ҳам муфид мебошад, таклиф мекунад ӯ. Аз кори агентии номбурда Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон низ розӣ нест. Намояндаи ин мақомот мегӯяд, ки дар вилоят алҳол танҳо се фоиз гӯшт барои сарбозон захира шудааст, ҳол он ки сарпрокурори ҳарбӣ бо қатъият гуфт, ки мебоист то ин дам 40 фоиз гӯшт захира мешуд. Як сарбоз мутобиқи меъёр бояд, ки дар шабонарӯз 120 грам гӯшт истеъмол намояд. Дар сурати се фоиз захира шудани ин ғизо сарбоз чӣ қадар гӯштро медида бошад? Равғани маска бошад, ҳамагӣ як фоиз захира шудааст. Шояд шароити носозгор дар баъзе қисмҳои ҳарбӣ боиси даст ба худкушӣ задани сарбозон гашта бошад?!
Муҳаббат Муродова, рӯзноманигор, ҳамоне ки барномаи телевизионии "Офтоби меҳрубонӣ"-ро ровӣ асту дар шаҳри Хуҷанд маъруф мебошад, чандин маротиба дар ток-шоуи худ масъалаи худкуширо баррасӣ карда буд. Хулоса ва бардошташро аз ин барномаҳояш чунин шарҳ дод, ки ҳарчи бисёртар агар дар бораи худкушӣ сухан кунем, ҳамон қадар ин ҳодиса дар ҷомеа зиёд мегардад. Беҳтар аст, ки дар бораи худкушӣ ҳарфе ба миён оварда нашавад. Худкушӣ аз давраҳои пеш буд ва то ҳол идома дорад.
Соли 2008 теъдоди худкушӣ дар вилояти Суғд зиёд буд ва даст ба худкушӣ задани аҳли як оилаи ҷавони ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намунаи даҳшатноктарини ин падида буд. Модар пеш аз худашро овехтан тифлони худро меовезад ва сипас худро ба марг мерасонад. Аз ин ҳол шавҳараш огоҳ шуда ӯ ҳам ба худкушӣ даст мезанад. Самараи худкушӣ нек нест ва он оқибати нохушро дар ҷамъият мегузорад. Мумкин аст, ки нафаре онро кӯр-кӯрона пайравӣ кунад.
Пурсиши чӣ кор бояд кард, ки мардум даст ба худкушӣ назананд, то ҳанӯз гарчанд, ки ҷавобҳои зиёде пешниҳод гаштааст, посухи ниҳоии худро наёфтааст.
Ислом РАҲИМОВ