«Миллат» - минбари аҳли миллат се сола мешавад

Фарҳанг ва адаб 21.08.2008 23:44

1cентябри соли 2008 ба рӯзи таъсиси нашрияи "Миллат" се сол пур мешавад. Хонандаи гиромӣ, тӯли ин се сол мо бо ҳам як ҷо дар роҳи пешрафт ва шукуфоии миллату давлатамон қадам задем. Талху шурӣ ва қанду фанди ҳаводиси рӯзгорро бо ҳам чашидем.

"Миллат" ба мову Шумо минбар дод то андешаву афкори хешро гуфта бошем. Ҳарчанд таъсиси як минбари озод ва ифодакунандаи армону умедҳои ҳамагон ва гардон кардани он кори саҳлу содда ҳам нест, вале мо то имкон доштем ва то ҷое, ки нируву дониш даст дод кӯшиш кардем, ки дар хидмати Миллат ва ҳавохоҳони хеш қарор дошта бошем. Агар дар ин муддати се соли бо ҳам будан муроду маром, армону аҳдофи милливу ватандориамонро бароварда сохта ва ба дарди як ҳамватан расидаву як ишколи ҷомеъаро даво бахшида бошем, худро саъодатманд медонем, агар дар илоҷи дарде музтару бечора будаем, бо ҳама дасткӯтоҳӣ ва ноилоҷие, ки пеши қудрати замон дорем, онро тақсири хеш медонем. Бори дигар ба таваҷҷуҳи ҳамагон мерасонем, ки шурӯъ аз 20 июни соли 2008 дар Шабакаи ҷаҳонии Интернет сомонаи (сайт) нашрияи мову шумо бо калиди www.millat.tj боз шудааст, ки ин рӯйдоди фараҳбахш саҳифаи тозае дар таърихи "Миллат" аст. Ва Шумо имкон доред, ки бо кушодани сомонаи Интернетии мо ҳама рӯз аз воқеъоту ҳаводиси сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвари азизамон ва олами пурмоҷаро огаҳ гардед. Аз ҳама ҳавохоҳону хонандаи нашрия бо эҳтиром даъват мекунем, ки сари ҳусну қубҳ, пешрафт ва иллатҳои "Миллат" барои мо бинависед ва мо омодаем, ки ба ҳарфи Шумо гӯш бидиҳем, зеро "Миллат" минбари Шумост ва он барои Шумо бунёд шудааст.

Бо умеди хушиҳои зиндагӣ ва рӯзгори амну обод.

Аҳли "МИЛЛАТ"

P.S:Хонандаи басо азиз ва доимии "Миллат"!

Инак "Миллат"-и Шумо 3 сола мешавад.

Мехостем як бори дигар ҳамроҳ бо хонандаи гиромӣ ин роҳи тай кардаро мурур кунем:

-Шумо чаро "Миллат" мехонед?!

-Дар он ба шумо бештар чӣ писанд аст?

-Чиро дар он намеписандед?

-Пешниҳоди шумо барои беҳтар шудани муҳтаво кадом аст?

Мехостем дар ин маврид фикру дархости худро ба мо ироа кунед, агар ҳам завқи навиштан надоред, метавонед ба идораи мо ташриф биёред ва ё як занги телефониро барои ибрози андешаҳо дареғ надоред. Зеро навбати раъй ва қазовати Шумост.

"МИЛЛАТ"-и интизори ШУМО!



©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97