«РАСТОХЕЗ» ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Фарҳанг ва адаб 22.07.2008 17:53
Имрӯзҳо дар кишвари мо 19-мин солгарди ба тасвиб расидани "Қонуни забон" (Қонун дар бораи мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ")-ро ҷашн мегиранд. Ин боиси хушҳолии мардуми бомаърифату ватанпараст, ба вижа равшанфикрони мо, ки забону фарҳанги миллии худро гиромӣ медоранд, аз он ҳимоят мекунанд ва барои тозагию рушди он заҳмати фаровон кашидаанду мекашанд.

Рушду равнақи забону фарҳанги миллии мо аз гузаштаҳои дур то ба имрӯз муҳимтарин ҳадафи бузургон ва дар маҷмӯъ аҳли маърифати мо будаасту мебошад. Ҷои шукр аст, ки ҳоло бархе аз ҳукуматдорони Тоҷикистон низ аҳамияту арзиши забонро дарк кардаанд ва гиромидошту ба хубӣ омӯхтани онро таблиғу ташвиқ мекунад ва бо гузаронидани "чорабиниҳо" иди забонро таҷлил менамояд. Ин ки соли равонро соли забон эълон кардаанд, ҳамчунон як иқдоми рамзӣ аст. Шояд бар асари чунин "чорабиниҳо" сатҳи забондонию худшиносии мардум боло равад? Худо кунад, ки чунин шавад. Агарчи хатари он вуҷуд дорад, ки ин таҷлилҳо ба як чорабинии навбатӣ (кампанейщина) табдил ёбад ва асли мақсад фаромӯш шавад. Зеро дерест, ки кишвари мо ба "кишвари чорабиниҳо" табдил ёфта аст… Аммо ришхандро бигзорем канор ва ба асли мақсад бирасем.

Агар иштибоҳ накунам, шоираи маҳбуби мо Гулрухсор гуфтааст, ки "марги миллат аз марги забонаш оғоз мешавад". Ин андешаи бисёр амиқу дақиқ мардуми ватанпарасти бисёр кишварҳоро барои ҳимояту посдорӣ аз забону фарҳанги хеш во доштааст. Маҳз ҳамин андеша ангезаи аслии таъсисёбӣ ва фаъолияти созмони "Растохез" - нахустин созмони мардумии Тоҷикистон буд. Ҳадафи ин созмон, ки дар соли 1989 таъсис ёфта буд, маҳз посдорӣ аз забону фарҳанги миллии тоҷик ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду такомули он дар оянда буд. Аъзо ва пайравони созмони "Растохез" (СР), ки асосан аз равшанфикрон ва зиёйиёни қариб ҳамаи шаҳрҳою деҳоти кишвар иборат буданд, таи солҳои баъдӣ барои амалӣ кардани ин ҳадаф фаъолият карданд. Ҳадафҳо дар Барномаи он ба равшанӣ баён шуда буд ва нусхаҳои он ба Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамчунон ба ҳукумати шаҳри Душанбе расман пешниҳод гардида буд. Табиист, ки ҳадафҳои СР бо ҳадафҳо ва амали ҳизби ҳоким (ҲК) созгор набуданд. Аз ин рӯ, онҳо СР-ро созмони мухолифин эълон карданд ва дар ҳаққи он тӯҳмату бӯҳтонҳо паҳн карданд ва аъзою ҳаводорони онро зери фишор қарор доданд. Раҳбарони ҲК ва ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳама дастнишондаҳо ва фиристодагони Маскав буданд, зери шиори "единый советский народ" (халқи воҳиди шӯравӣ) сиёсати русисозии миллатҳои ғайрирусро аз ҷумла халқи тоҷикро амалӣ мекарданд ва бо ин мақсад доираи фаъолияти забону фарҳанги миллии моро дар Ватани худамон ба ҳадде тангу маҳдуд ва олудаю хароб сохта буданд, ки он аз иҷрои вазифаҳои асосии худ, ба вижа дар соҳаи илму фарҳанг, маъориф, сиёсату иқтисод, ҷаласоту коргузории давлатӣ ва… берун монда, ба забони гуфтугӯи хонагӣ табдил шуда буд. Қариб дар ҳамаи соҳаҳои асосии кору зиндагии ҷомеа ба ҷои забони тоҷикӣ забони русӣ истифода мешуд. Дар ҳама ҷо - дар маҳали кор, дар идороту муассисоти давлатӣ ва дар кӯчаю бозор забони русӣ садо медод. Забони олуда ва тарҷумазадаю маъюбшудаи тоҷикӣ то рафт бештар ба ҳошияи зиндагӣ кашонда мешуд. Мардум, ба истилоҳ, "дузабона" шуда буданд, ҳам ба русӣ ва ҳам ба тоҷикӣ сӯҳбат мекарданд. Аммо ҳам тоҷикишон ва ҳам русишон хело зайиф ва пур аз нуқсонҳою ғалатҳо буд. Камтар касе пайдо мешуд, ки ҳар ду забонро ба хубӣ бидонад ва битавонад фикри худро ба тоҷикӣ ва ё ба русӣ озодонаю бехато баён намояд. Ҳатто дар миёни зиёиён. Аксари онҳо аз нигоҳи фарҳангӣ ба афроди "маржинал" (яъне "чала") табдил ёфта буданд. Ман дар ин бора муфассалтар дар мақолаи "Муҳити зист ва забон" навишта будам (Садои Шарқ, 1989, № 10). Албатта, чунин ҳолат ғайритабиӣ ва ғайри қобили таҳаммул буд. Вале ҳукумати ғуломсифату бегонапарасти мо чунин сиёсати ғалатро таҳаммул ва ҳатто тарғибу ташвиқ мекард. Зеро он (ҳукумат) тобеъю вобастаи дигарон буд, на озоду соҳибихтиёр. Ин нукта то рафт равшантар мешуд, ки дар ин кишвар ҳама чиз вобастаи сиёсат аст ва ҳеч масъалае нест, ки бе мудохилаи сиёсат ҳал шавад. Пас аз сӯҳбате дар Шӯрои Олии Тоҷикистон боварии ман ба ин ақида бештар шуд. Дар тирамоҳи соли 1989 маро ба он ҷо даъват карданд. Дар сӯҳбат ба ғайр аз мӯҳтарам Ғ. Паллаев (раиси ШО Тоҷикистон) ва ду нафар муовинони эшон (муҳтарам Дедов ва А. Қосимова), ва муҳтарам Н.Ҳувайдуллоев, чанд нафари дигар, ки ман онҳоро намешинохтам, ҳузур доштанд. Мавзӯъи сӯҳбат - Барномаи Созмони Растохез буд. Пас аз саволу ҷавобҳо ва шарҳу тафсирҳои зиёд, мӯҳтарам Дедов (муовини раиси ШО), ки марди хело ботамкин ва бо маърифат ба назар мерасид, пурсид: "дар Барномаи СР масоили зиёд ва муҳими зиндагии ҷомеа матраҳ шуда аст. Шумо чи гуна ва бо кадом имконот онҳоро ҳал хоҳед кард? Гуфтам: "Бале, дар Барнома ҳам масоили иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳам масойили сиёсию фарҳангӣ матраҳ шудааст. Аввал ин, ки ҳамаи онҳо бо ҳам вобастаанд, тарафҳои гуногуни як масъала мебошанд. Дигар ин, ки СР иддао надорад, ки ҳамаи онҳоро ҳал хоҳад кард. Он ҳама масойили ҷомеаи мо мебошанд. Ва ҳалли онҳо вазифаи ҳукумат ва тамоми мардуми Тоҷикистон аст. Мо фақат онҳоро аз дидгоҳи худ матраҳ кардем, яъне кореро анҷом додем, ки ҳукумат бояд мекард. Зимнан, иддао надорем, ки ҳама он чизе ки дар ин Барнома омада аст, ҳақиқати мутлақ мебошад. Шояд, дар он нукоти қобили баҳс ва ё комилан нодуруст ҷой дошта бошад.

Мо бо камоли хушӣ ва миннатдорӣ ҳама гуна интиқодот ва назариётро мепазирем, ба шарте ки ба далоили мантиқӣ устувор бошанд. Агар шумо ё касе аз ҳозирин ҷумлае ё нуктаеро дар Барнома нишон диҳед ва исбот кунед, ки он нодуруст аст, ман омодаам, ки ҳамин лаҳза, дар пеши назари шумо рӯи он ҷумла хат бикашам…". Оқои Дедов ба гуфтаҳои ман розӣ шуд ва гуфт: "Беҳтар аст, ки шумо номи созмонро тағйир диҳед. Ба ҷои "созмони ҷамъиятӣ- сиёсӣ", "созмони ҷамъиятӣ- фарҳангӣ" бинависед. Ва умумун, фаъолияти СР-ро бештар ба масойили фарҳангӣ равона кунед. Дар ин сурат, созмонро зудтар сабти ном мекунанд ва ҳукумат ҳам ба кори шумо хайрхоҳона муносибат хоҳад кард". Дар ҷавоб гуфтам, ки; "Албатта, ҳадафи аслӣ ва ниҳоии мо рушду такомули худи инсон ва фарҳангии ҷомеа аст. Аммо ҳалли масоили фарҳангии зикр шуда ба фалону фалон масоили сиёсӣ вобаста аст. Дар ин шароит чи гуна метавон аз масоили сиёсӣ чашм пӯшид ва танҳо аз масойили фарҳангӣ сӯҳбат кард?" Оқои Дедов розӣ шуд, ки ин ҳарфи мантиқӣ аст. Вале, гуфт ӯ, мавзӯъ, тавре ки тасаввур мешавад, чандон содда ҳам нест. На ҳама чиз ба ҳукумати Тоҷикистон вобаста аст…". Нуктаи ахир ва ҳаводиси хунини шаҳрҳои Ӯшу Ӯзген, Бокую Сумгаит, Душанбею Тифлис ва Еревону шаҳрҳои дигар маро мутақоид сохтанд, ки решаи мушкилоти мо дар ҷои дигар, дар сиёсатҳои бузургманишонаи раҳбарони КПСС (ҲКИШ) нуҳуфтааст. Шиорҳои "баробарҳуқуқии халқҳо ва гул-гул шукуфтани забону фарҳанги миллатҳо" - шиорҳои фиребандаи идеологӣ мебошанду бас. Давлати шӯравӣ намехоҳад ва аз нигоҳи иқтисодӣ наметавонад, ки забону фарҳанги ҳамаи миллатҳо рушд кунанд. Роҳи ҳалли мушкилот дар соҳибихтиёрӣ ва баробарҳуқуқии халқҳо аст…

Ин буд, ки СР масъалаи соҳибихтиёрии халқи тоҷикро бо сароҳат дар миён гузошт ва талош барои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба мақсади асосии созмон табдил ёфт. СР мехост, ки дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ ҳамаи вазифаҳои забони давлатиро иҷро кунад, то заминаи рушду такомули забону фарҳангии миллии мо фароҳам ояд. Зоҳиран, ин ҳадаф хилофи Қонуни Асосии кишвар набуд. Мувофиқи он, Тоҷикистон яке аз 15 ҷумҳуриҳои шӯравӣ маҳсуб мешуд, яъне як давлати миллӣ буд. Муҳимтарин нишонаи давлати миллӣ - ин доштани забону фарҳанги миллӣ аст. Пас, забони давлатии Тоҷикистон бояд забони тоҷикӣ бошад. Мантиқу моҳияти қонунҳо инро талаб мекунад. Вале дар Тоҷикистон воқеъият чизи дигар буд. Дар ин ҷо, амалан, ҳаққу ҳуқуқи халқи тоҷик поймол карда мешуд. Тоҷик дар хонаи худ, дар Ватани худ имконият надошт, ки ба забони модарии худ тарбият ва рушду камол ёбад ва ба таври шоиста кору зиндагӣ кунад. Чунин ҳолат хилофи адолат ва муғоири рӯҳи қавонин буд. Бинобар ин, шумори зиёди равшанфикрони тоҷик аз тариқи матбуот аз ҳукумат талаб намуданд, ки ба вазъи риққатовари забону фарҳанги миллӣ таваҷҷӯҳ намояд ва барои барқарор кардани мақому манзалати забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон тадбирҳо бияндешад. Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мӯҳтарам И. Усмон дар мақолаи худ пешниҳод кард, ки ба манзури ҳалли ин мушкил ба эабони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Як силсила мақолаҳои банда низ перомуни ин мавзӯъ таи солҳои 1988 ва 1989 дар матбуоти кишвар ба чоп расиданд. Дар оғози соли 1989 дар макази шаҳр ба таври стихиявӣ (худҷӯш) гирдиҳамойии ҷавонону донишҷӯёни тоҷик сурат гирифт ва дар он низ мавзӯъи забон матраҳ шуда буд. Дар ҷаласоти маҳфили "Рӯ ба рӯ" низ борҳо масъалаи забони тоҷикӣ мавриди баҳс қарор гирифт. Бар асари он ҳама мақолаҳо ва митингу баҳсҳо давлати Тоҷикистон комисиюнеро таъсис дод ва вазифаи тартиб додани лоиҳаи "қонун дар бораи забон" - ро ба он супорид. Зимнан, дар матбуот баҳсҳо дар бораи он, ки қонуни забон бояд чи гуна бошад ва ба кадом забон мақоми давлатӣ дода шавад, бо ҷӯшу хурӯш идома доштанд. Табиист, ки равшанфикрони тоҷик исрор доштанд, ки танҳо забони тоҷикӣ лоиқи ин мақом аст. Русҳою русизабонҳо талабгори он шуданд, ки забони русӣ расман забони давлатии Тоҷикистон шинохта шавад. Чунин қарор дар ҷаласаи васеъи коммунистони шаҳри Душанбе қабул гардид. Бархе бар он буданд, ки дар кишвар ба ду забон - русӣ ва тоҷикӣ- мақоми давлатӣ дода шавад. Бархе аз намояндагони ҷамъияти узбакҳо талаб карданд, ки ба забони узбакӣ низ мақоми давлатӣ дода шавад…

Дар ин миён раҳбарони ҳизби ҳоким (коммунист) ва ҳукумати кишвар, ки ҳама коммунист буданд, ба вазъи ногувор афтода буданд. Дар ин вазъи печида онҳо бояд тасмими ниҳоиро мегирифтанд. Вале онҳо тавони ин корро надоштанд. Зеро тасмимгирӣ дар чунин масойили муҳим аз салоҳият ва ихтиёроти онҳо берун буд. Агарчи дар миёни онҳо афроди бомаърифату ватанпараст ва дилсӯзи забону фарҳанги миллати худ низ буданд, вале, рӯиҳамрафта, мисли ҳамаи "раҳбарон"и Тоҷикистон фармонбардор ва иҷрокунандаи авомири Маскав буданд. Бино бар ин, пеш аз тасвиби қонуни забон дар Шӯрои Олии кишвар, онҳо бояд мувофиқаи раҳбарони ҲК ва давлати Шӯравиро ҳосил мекарданд. Ва чунин ҳам карданд: Дабири аввали (Котиби яккуми) ҲК Тоҷикистон Қ. Махкамов ва Райиси Шӯрои Олии (Парлумони) Тоҷикистон Ғ. Паллаев ба Маскав рафтанд ва бо раҳбарони баландпояи давлати шӯравӣ мулоқот карданд. Ба гуфтаи Ғ.Паллаев, онҳо (раҳбарони Тоҷикистон) пас аз сӯҳбат бо М.С.Горбачев (Дабири кулли ҲҚИШ) ба ӯтоқи кори А. Н. Яковлев (дабири КМ ва узви Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ, академик) рафтаанд. Қ.Маҳкамов ба А.Яковлев дар бораи вазъи ҷории Тоҷикистон ва баҳсҳои перомуни забони давлатӣ гузориш дода, гуфтааст, ки комиссион матни қонуни забонро омода сохтааст. Вале дар ҷомеа назари воҳид дар ин мавзӯъ вуҷуд надорад. Аксарияти зиёиёни тоҷик мехоҳанд, ки забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ пазируфта шавад. Аммо бештари коммунистон ҷонибдори забони давлатӣ эълон кардани забони русӣ мебошанд. Ҷамъияти узбакҳо низ мехоҳанд, ки забони узбакӣ дорои чунин мақом гардад. Мо ҳайронем, ки чи гуна тасмим гирем. Албатта, мо мехоҳем, ки мақоми забони русиро дар Тоҷикистон ҳифз намоем... А.Яковлев гуфтааст, ки забони русӣ соҳиб дорад. Он давлати бузурги Русия аст. Ва забони бузурги русӣ ба ҳимояти шумо мӯҳтоҷ нест. Шумо биравед ва дар Тоҷикистон фақат як забон, яъне забони модариатонро забони давлатӣ эълон кунед. Ғами забони узбакиро ҳам нахӯред. Афроди ғамхор дар Узбакистон кам нестанд ва онҳо кори худро медонанд…

Пас аз шунидани ин суханони А.Яковлев, ки дар он замон яке аз пурнуфузтарин арбобони давлати шӯравӣ буд, раҳбарони Тоҷикистон оҳи сабук кашида, роҳи Ватанро пеш гирифтаанд. Ва варианти мусолеҳакоронаи қонуни забонро тартиб дода дар ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистон ба тасвиб расонданд. Аммо тасаввур кунед, ки агар дар Маскав А. Яковлев он суханонро намегуфт ва ё мегуфт, ки дар Тоҷикистон мақоми забони русӣ бояд ҳифз шавад, раҳбарони Тоҷикистон ва депутатҳои чаласаводи Парлумони он замони мо, ки танҳо ба даст боло кардан қодир буданд, чи мекарданд ва тақдири қонуни забон чи мешуд? Бо он ҳам, бо кӯшиши бархе аз забонгумкардаҳо матни қонуни забон пеш аз тасвиби Шӯрои Олӣ хело тағйир дода шуд ва он ноқису зайиф гардид. Зиёиёни тоҷик он қонунро интиқод карда, нуқсону камбудиҳои онро ошкор намуданд ва матни дигари қонуни забонро таҳия сохтанд. Вале он пазируфта нашуд. Он қонуни ноқис пас аз касби истиқлолияти давлатӣ ҳам ба ҳамон шакл боқӣ монд. Ҳоло ки шароит дигар аст, мебояд, ки матни он қонун дубора баррасӣ ва ислоҳу такмил шавад. Ин корро агар имрӯз мо намекунем, бидуни шакк фардо дигарон хоҳанд кард. Зеро маънии зиндагии миллат дар забону фарҳанги вай аст. СР бо такя ба андешаҳои ватанпарастонаи шоирону нависандагон, рӯзноманигорон ва олимони мӯҳтарами тоҷик талошҳое кард, барои фароҳам овардани заминаҳо ва шароити мусоид барои рушди забону фарҳанги миллии мо, барои соҳибихтиёр шудани халқи тоҷик. Дигар, ихтиёр ба дасти худи мардум аст.


Тоҳири АБДУҶАББОР
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97