Боз ор, Бозори моро, боз ор! Соядасте барои ворисони осори Бозор Собир

Фарҳанг ва адаб 18.06.2008 20:02
Силсилаи мақолаҳоро шурӯъ аз мақолаи "Бозор Собир дар мо намеғунҷад" то мавзӯъи соядастҳои устод Бозор Собир ва атрофи фаъолияти адабӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёташ мутолиа кардам. Ростӣ чунин ба назар мерасад, ки гӯё бузургони адабу фарҳанг ва ашхоси болаёқатро ҳамеша тақдир дар озмоишҳо қарор дода ва ба кӯи оворагиҳо тела медиҳад. Бо вуҷуди ин ҳама маҳрумиятҳо ва оворагиҳои иҷборӣ боз ҳамин бузургон эҷод мекунанду аз самараи фаъолиятҳои онҳо наслҳои минбаъда комёб ва баҳравар мегарданд.

Банда, ин ҷо аз оворагиҳои иҷборӣ ва маҳрумиятҳои бузургоне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Камол, Н.Хисрав, Сино, Ҳилолӣ, Айнӣ ва дигару дигарҳо хотиррасон карданӣ нестам. Фақат ҳаминро холисона гуфтаниам, ки "Эй салоҳиятдорон, биёед, ворисонро овора, саргашта насозем. Охир на ҳар кас имкон ёфта метавонад, ки барои зиёрати турбати бузургони илму адаб, онҳое, ки дар саҳифаҳои иҷборан ториккардашудаи гузаштаҳои дуру наздик ва зиндагии ҳозираи мо аз ҳар ҷиҳат равшанӣ меандозанд ва барҳақ, боиси ифтихор ва сарфарозии миллат мебошанд, равад. Масалан, барои зиёрати устод Лоҳутӣ ба Маскав, барои Ибни Сино - ба Ҳамадон, барои Камол - ба Табрез, барои Мавлавӣ - Ба қуния, барои Ҷомӣ - ба Афғонистон, барои Бедил - ба Ҳиндустон ва ғайра ва ҳоказо чӣ хел метавон рафт?
Аз ин рӯ аз Худованди бузург ва ҳар фарди ба номуси Ватан хоҳонам, ки барои бо дили пур ва хотири ҷамъ зиндагӣ кардан дар Ватан, дар Тоҷикистони азиз ҳама ба якдигар мусоидат кунем. Ин ҷо якчанд пора суханро дар қолаби назм ё шеър (агар ин пораҳоро назм ё шеър гуфтан мумкин бошад-муаллиф) бо мақсади он, ки дар раванди ба Ватан бозгаштани (ё ба Ватан бозгардонидани) устод Бозор Собир ва дигар шахсони бузургу болаёқат андаке шояд саҳмгузор бошам, меоварам:

Тоҷико, ай миллати бонангу ор,
Миллате бо илму бо фарҳанг ёр,
Бо дуо, бо илтиҷо, бо чашми чор
Бозгӯ: Ай Холиқи Парвардигор,
Боз ор, Бозори моро, боз ор.

Он, ки аслат муайян карда ӯ,
Боғи табъатро музайян карда ӯ,
Шеъру назматро мутантан карда ӯ,
Бозгӯ: Ай Холиқи Парвардигор,
Боз ор, Бозори моро, боз ор.


Ҷаҳл бедору адолат хоб рафт,
Рӯшноӣ аз рухи моҳтоб рафт,
Аз Ватан он шоири ноёб рафт,
Бозгӯ: Ай Холиқи Парвардигор,
Боз ор, Бозори моро, боз ор.


Чанд аз зулму асоратҳо гашта хор?
Аз гапи тунду ҳақорат гашта хор?
Ҳар куҷо фарзанди зорат гашта хор?
Бозгӯ: Ай Холиқи Парвардигор,
Боз ор, Бозори моро, боз ор.


Гарчӣ мисли кӯҳи хоро мондаӣ,
Боз бингар, аз Бухоро мондаӣ,
Аз Самарқанди дилоро мондаӣ,
Бозгӯ: Ай Холиқи Парвардигор,
Боз ор, Бозори моро, боз ор.


Ҳиллаву тазвир ҳар ҷо ҷон гирифт…
…Носири Хисрав роҳи Юмангон гирифт,
Лоҳутӣ тарки Ватан - Ирон гирифт…,
Бозгӯ: Ай Холиқи Парвардигор,
Боз ор, Бозори моро, боз ор.


Подшоҳи шоирон охир чӣ шуд?!
Зулмро бингар, адиб Собирро чӣ шуд?!
Халқҳоро нолаи шабгир чӣ шуд…?!
Бозгӯ: Ай Холиқи Парвардигор,
Боз ор, Бозори моро боз ор.


Бар зиёрат то куҷо, эй ҷон равӣ?
Баҳри Мавлоно ба Туркистон равӣ?
Хоки Бедил, то ба Ҳиндустон равӣ?
Бозгӯ: Ай Холиқи Парвардигор,
Боз ор, Бозори моро, боз ор.


Подшоҳо, шоҳи олииқтидор,
Кардаӣ аҳде ба номи Кирдигор,
Бемуҳобо, ӯст моро ифтихор,
Бозгӯ: Ай Холиқи Парвардигор,
Боз ор, Бозори моро, боз ор.


Эй Худоё, зулмро бечора кун,
Зулм ҳар ҷо ҳаст, бандаш пора кун,
Чархиё, ҳар дам Худоро зора кун,
Бозгӯ: Ай Холиқи Парвардигор,
Боз ор, Бозори моро, боз ор.


Бисёр мехостам, ки ҳамватанони мо дар Ватан бошанд ва агар боре ҳам, аз Ватан берун мераванд, бо сафарҳои корӣ ва расмӣ раванд, на иҷборан ва на бо роҳи маҳрум карданҳо. Охир бузурге гуфтааст: "Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест".

Идораи нашрияи «Миллат» тасмим гирифтааст, то соядастҳои устод Бозор Собирро гирдоварӣ карда ва беҳтаринҳояшро дар рӯзи ҷашни шоир ҳамчун армуғон барояшон тақдим бидорем. Аз ҳамаи онҳое, ки соҳиби ҳамчунин «соядасти» устоданд, хоҳиш дорем, то он соядастро ба идораи нашрияи "Миллат" ирсол бидоранд. Соҳиби беҳтарин "соядасти" устод аз сӯйи идораи нашрия дар рӯзи таҷлил аз зодрӯзи Бозор Собир қадршиносӣ хоҳад шуд.



Холмуҳаммади Чархӣ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97