"Духтари шоҳам, валекин..."

Фарҳанг ва адаб 20.12.2020 07:13

Зебуннисо - духтари шоҳ 15 феврали 1638 дар оилаи Аврангзеби Гурконӣ ки аз силсилаи Темуриёни Ҳинд аст, таваллуд шудааст. Аврангзеб ҳам аз шоирони хуби форсигӯйи сабки ҳиндиву тасаввуф мебошад.

Мегӯянд, ки рӯзе Зебуннисо дар утоқи падараш буд. Ногаҳон оинаи барқади чиние, ки дар токча меистод, ба замин афтоду шикаст. Аврангзеб фавран гуфт:

 Аз қазо оинаи чинӣ шикаст!
 
Зебуннисо дар бадеҳа гуфт:
 
Хуб шуд, асбоби худбинӣ шикаст!
 
        Модараш – Дилрасбону аз шоҳзодагони Машҳад мебошад, ки хуросонӣ ё худ тоҷик аст. Дар такомули шахсияти ноби ин орифаи зебокалом ва ширинсухан метавон ду вижагии умдаро муассир хонд, ки ҳар як бартару афзалу ибратомӯзтар аз дигарист. Аввал қаробату рафоқат ба донишу дин, ки маншаъ аз нахустин ояи Қуръони Маҷид мегирад. Дигар  безорӣ ҷустан ва дурӣ гузидани  ӯ аз фитнаву бадномии дарбор ва паноҳ бурданаш ба гӯшаи қаноат. 
       Шоира маҳз дар ҳамин гӯшаи қаноъат ва дар бӯстони мунаввари адабу ирфон сафои қалб ёфт. Ҳол он ки ӯ метавонист  аз бузургтарин имконоту шароите бархурдор буд, ки метавонист ба ҳар мақоме дилхоҳ даст ёбад. Аммо ӯ ба ин роҳ нарафт. Балки ӯро бардошти маънавию ирфонияш во дошт, ки аз чунин сароби бадномӣ бипарҳезад. 
        Муҳити шоҳдухти афиф – Зебуннисо ҳам ин гуна олудаву махуф буд. Ӯ узви хонаводаи ҳудкоми хуношоми нимаасримиёнагие буд, ки бо намояндагӣ аз муғул як сарзамини паҳновару номдори ҷаҳон – Ҳиндро дар чангол медошт. Аммо, Зебуннисо ҳамчун зодаи чунин муҳит ва фарзанди хонадони як императории овозадори ҷаҳон, ҳеч гоҳ дар гирдоби кибру ғурур фурӯ нарафт, ғарра ба сарвату ҷоҳу дороӣ нагашт ва таҷаммулу ишрату худнамоӣ пеша накард. Бадкорӣ ва душмании фарзандони падараш наздик буд, ки Зебуннисоро ҳам ба балои баде гирифтор кунад. Ӯ дар боргоҳи салтанати падар ҳеч гоҳ саъй ба гирифтани мақоме накард, беҷову баҷо милку амлоке аз дигаронро ба ком накашид, ҳатто орзу накард, ки ба истилоҳ, малика бошаду аз зумраи ҳокимони худхонда дар миёни анбуҳи чоплӯсони лоуболу сарафканда худнамоӣ кунад.    
      Зебуннисоро гулҳои боғи донишаш аз вартаи шуҳрати дурӯғини фиребанда ба эминмақоми накуномӣ кашид ва хуб дарк кард, ки дар ин олами фонии рӯ ба мулки боқӣ бояд аз худ номе гузошт, аммо на ба бедоду бадӣ, балки бо донишу доду накуӣ.
        Гуфтанист, ки Зебуннисо аз миёни фарзандон азизтару маҳбубтар буд дар назди падар, зеро ҳушу рои барозандае дошт.    
         Падараш ба омӯзишу парвариши вай эътибори вижае медод, ки Ҳафиза Марям, бонуи закию бомаърифати дарборро ба тарбияти ӯ вобаста карда буд.  Гузаштагони Ҳафиза Марям, ба ривояте бухороӣ будаанд. Бад-ин тариқ, Зебуннисо дар даҳсолагӣ улуми динӣ, аз ҷумла қироати Қуръон, маънои оёт, тавзеҳ ва тафсири ҳар сураву ҳадису ахборро фаро гирифт. Ин таъкид ба он хотир, ки то имрӯз мерос аз Бухорои манғитиён, бештари мардуми мо ба кӯр-кӯрона хондан ё ҳифз кардани оёти Каломуллоҳ қаноат карда, саъй ба дарёфти маъонии он накардаанд.
      Ҳол он ки Қуръон чун раҳнамои башарият аз баҳри ҳидояти инсонҳо нозил шудааст ва мебояд ба маъонии ҳар ояи он рафт, то мояи илҳому дастури хуби раҳнамо дар зиндагӣ бошад.
          Зебуннисо баъдан зери тарбияи донишмандону адибони дарбор сарфу наҳви арабӣ, нуҷум, фалсафа, мантиқ, адабиёту таърихро омӯхт ва дар навиштани хатҳои настаълиқ, насх ва шикаста мумтоз гашт. Дар хаттотӣ чунон моҳир буд, ки хаташ диққати ҳамаро ба сӯи худ мекашид. 
      Ӯ табъи баланди бадеҳасароӣ, мадҳ, ҳаҷв ва чакомасароӣ низ дошт. 
       Зебуннисо, бо он ки худро ташнакомона ба гирдоби дарёи илму дониш зада буд, аммо чаҳордевории зиндагии бо зуҳду хоксоронаро сарпаноҳ ихтиёр кард.  Шоира то охири умр ихтиёри шавҳар накард, чунки дар хурдсолӣ ба писарамаки худ Сулаймоншукуҳ номзад шуда буд ва ба ӯ ихлосу эҳтиром ӯро дӯст медошт. Аммо  аҷали ногаҳонӣ Сулаймоншукуҳро гиребонгир гашт ва пас аз даргузашти ӯ Зебуннисо  худро бо шеър тасалло медод ва тан ба фурқат ниҳоду худ номуродона то поёни умр ёди пурдарди гумкардаёрро ба ҳаваси пироҳани арусӣ бадал накард.
        Зебуннисо чанд бародар дошт ва аз ин миёни алоқааш ба Акбар бештар буд ва ӯро хеле эҳтиром мекард, вале кам монда буд, ки ин маҳаббат ба сари ӯ балое орад. Акбар бар зидди падар худ исён бардошт ва ноком гашт ва нокомона фирор карду ба шоҳони сафавии Эрон паноҳ бурд. 
       Аврангзеб бо ғазаб Зебуннисоро, танҳо ба хотири он ки бо бародари худ Акбари осӣ қарин буд, муддате зиндонӣ ва маошашро қатъ кард. Аммо покиву нексириштии ин бонуи донишманд, ки шуҳраи хосу ом гашта буд, бори дигар ба зудӣ собит шуд ва ӯ озод гашту бизоату маошаш борқарор гардид.  Зебуннисо бо истифода аз дороиҳову имконоти дастраси хеш китобхонаи бузурге бунёд кард ва китобхонаи хешро дар хидмати алоқамандон гузошт. 
       Зебуннисо дар китобхонаи хеш ҳамвора адибону донишмандонро ба даври хеш ҷамъ меовард ва онҳоро дар ҳар кору ибтикор бо туҳфаҳо хурсанд мекард.
        Бо ҳиммат ва ҳимояти ин шоҳдухти маърифатписанд китобҳои сершуморе аз сӯи донишмандони улуми мухталиф таълиф шуданд. 
  

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97