Равоншиносон таъкид менамоянд, ки вақте инсон дурӯғе мегӯяд дар майнаи сари ӯ инфиолоте ба вуҷуд меоянд, ки сабаби харобшавии майнаи сар мегарданд. Тибқи оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ фитрати инсон бо ростию дурустӣ сиришта шудааст. Гоҳҳо муҳити хонавода ва ҷомеа, одамиро аз он фитрати аслиаш берун мекунад ва ба ҷодаи гумроҳӣ мебарад. Яке аз маъмуриятҳои паёмбарони Худо (а) низ ҳифзи фитрати инсон будааст. Фитрати инсон дар асоси таълимоти паёмбарон тақвият ёфта, соҳиби худро ба саодатмандии дунёву охират мерасонад….
Аз ҷумлаи кӯҳантарин, густардатарин ва бузургтарин гуноҳоне, ки дар ҷомеа доман паҳн намуда, ҳам замон домангири хоссу ом шудааст, дурӯғ мебошад. Дурӯғ хилофи фитрати инсонӣ буда, ӯро аз ростию дурусткорӣ ба нодурустию табаҳкорӣ мебарад. Бешак дурӯғ бадтар аз ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда мебошад, зеро ба тарзи ноайёне мардумро ба вартаи гумроҳӣ ва дурӣ аз ҳар гуна ростию ҳақиқат мекашонад. Ҷойи таассуф аст, ки бархе афрод зиндагиро бидуни дурӯғ тасаввур карда наметавонанд. Ё худ ағлаби мо дурӯғро ҳамчун гуноҳи кӯчак ва ночизе шуморида, ба мавриду бе маврид барои "об додан"-и суханҳои худ аз он истифода менамоем. Гузашта аз ин бар худу дигарон талқину ташвиқ менамоем, ки "агар дурӯғе гуфта шавад ҳам, бояд аз чаҳорчӯбаи ақл берун набошад". Аҷабо, мо якдигарро аз гуноҳе, монеъ намешавем, балки "роҳи қо¬нунӣ"-и онро "бародарвор" ва "беғаразона" ба ҳам нишон дода, аз он "талаби аҷре" ҳам наменамоем. Бехабар аз паёмадҳои ин гуна "дурӯғҳои заминӣ" худу дигаронро ба чоҳ тела медиҳем.
ЧАРО ДУРӮҒ МЕГӮЕМ?
Ба андешаи ман асоситарин сабабҳои дуруғгӯӣ ба таври зайланд:
1) Тарс аз ҷазо.
2) Ба даст оврдани суду фоида.
3) Канораҷӯӣ аз хотироти талх.
4) Посдории обрӯву манзалат дар ҷомеа.
5) Кинатӯзӣ бо дигарон.
6) Одат дар дурӯғгӯӣ…
Донишманди машҳури риштаи тарбия Бертранд Руссел мегӯяд; "имкони дурӯғ гуфтан дар нахустин бор дар зеҳни кӯдак хутур намекунад, баъдҳо ин имкони дурӯғ нисбатан барои ӯ кашф мешавад. Яъне имкони дурӯғ гуфтанро аз бузургтарон мушоҳида мекунад. Тарс ҳам ӯро водор ба он месозад. Бача кашф мекунад, ки бузургтарон ба ӯ дурӯғ мегӯянд ва агар ӯ ба онон рост бигӯяд хатар дорад. Дар асари ин авзоъ ва аҳвол дурӯғгӯиро оғоз мекунад. Агар шумо ( волидайн) аз ин муҳаррикот ва авомил дурӣ биҷӯед дурӯғ гуфтан ба хотири тифл хутур нахоҳад кард"!
"САМАРА"-И ДУРӮҒ
Одамӣ аҷаб хислате дорад! Мехоҳад бо гуфтани чанд ҳарфи дурӯғине мақому манзалати худро дар байни атрофиён ва ҷомеа баланд бардорад, аммо баръакс "пул медиҳад"-у барои худ "дарди сар" мехарад. Масали машҳури арабист, ки "ин кунта казубан факун закуран"! (агар дурӯғгӯ бошӣ, пас ба ҳофиза бош!). То дар ҷойи дигар дурӯғе алайҳи дурӯғи пешинаи худ нагӯӣ ва хешро хандахариши мардум нагардонӣ! Бале, инсон вақте дурӯғ мегӯяд, агар "дурӯғӯи касбӣ" набошад, умре аз он гуфтаи ноҷойи худ азоб кашида, мекӯшад, то дар ҷойе хилофи он нагӯяд ва ин аҷаб азобест. Аммо касе, ки аз дурӯғи худ ҳеҷ ғам надорад ва унвони "дурӯғгӯ"-ро соҳиб шудааст, суханаш байни мардум дигар эътиборе пайдо намекунад ва агар рӯзе ҳам ҳарфи росте гӯяд. Арасту дар ин маврид накӯ гуфтааст, ки; "бузургтарин муҷозот барои дурӯғгӯ он аст, ки вақте ҳарфи росте гӯяд, касе ба ӯ бовар намекунад". Шайх Саъдӣ низ ин маъноро ба беҳтарин сурат ба назм кашидааст:
Касеро, ки одат бувад ростӣ,
Хато гар кунад даргузоранд аз ӯ.
В-агар номвар шуд ба норостӣ,
Дигар рост бовар надоранд аз ӯ.
Дар баробари беобрӯии дурӯғгӯ дар ҷомеа ва гирифтор шудан ба ҳар гуна васвос, боз зиёнҳои иқтисодӣ шояд ӯро интизор бошад. Зеро бештари доду гирифтҳои бузург байни мардум дар шакли насия сурат мегирад ва касе ёфт намешавад, ки амволи худро дар вартаи нестӣ ба "ду дасти адаб" гузорад.
ДУРӮҒГӮ ДАР ДУ ҶАҲОН СИЯҲРӮСТ!
Дурӯғ дар ҳамаи динҳои осмонӣ мазамматшудааст, ба вижа дар сарчашмаҳои асосии дини мубини Ислом- Қуръон ва аҳодис, дурӯғ зери тозиёнаи накӯҳиш гирифта шуда, дурӯғгӯӣ аз сифати мардуми беимон дониста шудааст. Чунончи дар ояти 105-уми сураи "Наҳл" Худованди бузург мегӯяд; "касоне ҳастанд, ки ба оёти Парвардигор дурӯғ мегӯянд ва имон надоранд, ба дурустӣ ки ин қабил афрод аз дурӯғгӯён ҳастанд". Ҳамчунин дар ояти 28-уми сураи "Ғофир" мефармояд: "Худованд касеро, ки исрофкору дурӯғгӯст, ҳидоят намекунад". (ба ин маъно оёти зиёде дар Қуръон омадааст). Аз паёмбари Худо (с) ривоят мекунанд, ки фармуданд; "оё шуморо огоҳ кунам аз бузургтарин гуноҳҳои кабира?(он гуноҳон) иборатанд аз; ширки ба Худо, нофармонии падару модар ва гуфтани дурӯғ" (Имом Бухорӣ). Тибқи як ривояти Имом Муслим бошад паёмбар (с) дурӯғро яке аз сифатҳои мунофиқон шуморидаанд. Дар "Муватта" Имом Молик аз ҳадиси Сафвон ибни Салим ривоят кардаанд, ки аз паёмбар (с) пурсиданд; "оё мӯъмин тарсӯ мешавад"? Гуфт; "бале". Гуфтанд; "мӯъмин бахил мешавад"? Гуфт; "бале". Боз пурсиданд; "мӯъмин дурӯғгӯ мешавад"? Гуфт; "на".
Дар Ислом дар баробари он ки мусулмонон аз олуда шудан ба дурӯғ манъ шудаанд, боз аз тарҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо дурӯғгӯён низ наҳй шудаанд.
БУЗУРГТАРИН НАВЪИ ДУРӮҒ
Аслан дар корҳои нописанд навъбандӣ ва тасниф он қадар муҳим нест, зеро кори бадро кӯчакаш ҳам ба дасту бузургаш ҳам. Ба ҳар сурат бадтарин навъи дурӯғ дурӯғест, ки инсон дар бораи Худову Расул ё барои дарёфти суде аз номи онҳо гӯяд. Ҳамин гуна бадтарин дурӯғ ҳамонест, ки инсон барқасдона ва боғаразона аз номи дигаре гӯяд ё бо он дурӯғ зараре ба касе ё ба ҷомеа бирасонад.
ДУРӮҒИ МАСЛИҲАТОМЕЗ
Зиндагӣ нишебу фарозҳои худро дорад, ки ҳатто чорасозон дар қонунҳои он бечораанд. Инсон гоҳо дар зарурат ба корҳое рӯ меорад, ки ба амал овардани он боре дар гӯшаи хаёлаш наомадааст. Ҳарчанд дини Ислом дурӯғро чун гуноҳи бузург шуморида, дурӯғ гуфтанро ба пайравони худ манъ карда бошад ҳам, дар баъзе мавридҳо, ба вижа ҳангоми ислоҳи ҷомеа ва созиши байни мардум иҷоза додааст. Чунон ки дар ин маврид паёмбари Худо(с) фармудаанд; "касе, ки суханаш дар садади ислоҳи байни мардум аст дурӯғгӯ нест". (Имом Бухорӣ). Ҳамчунин Имом Ғазолӣ дар "Эҳёу улум-ид-дин" аз паёмбари Худо (с) ривоят мекунанд, ки фармуданд; "се чиз аст, ки дурӯғ дар онҳо зебост; найранг дар ҷанг, ваъдаи шавҳар ба зан ва ислоҳ миёни мардум". Донишмандони исломӣ аз дурӯғи маслиҳатомез бо истилоҳи таврия ёд мекунанд. (Таврия дар луғат ба маънои пинҳон доштан ва дар истилоҳ гуфтани сухане, ки мақсади гӯянда аз он дигар асту шунаванда аз он дигар чӣ мефаҳмад). Бояд зикр намуд, ки дурӯғи маслиҳатомез, ки ба таъбири Шайх Саъдӣ "беҳ аз рости фитнаангез аст" маҳз дар мавридҳое ҷоиз аст, ки Ислом ба он иҷоза дода бошад. Аммо барои ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ дар зери пардаи "дурӯғи маслиҳатомез" истифода аз дурӯғ ҳаргиз ҷоиз нест.
АСБОБИ ДУРӮҒСАНҶ
Мегӯянд солҳои бистуми асри бист Ҷон Ларсон асбоберо ихтироъ намуд, ки ҳарфи дурӯғро кашф менамуд. Ба қавле ин ихтироъро Кайлер намуда, баъдан онро Ҷон инкишоф ва тараққӣ додааст. Асбоби мазкур аз таҷҳизоти тиббӣ буда, мисли набзсанҷу фишорсанҷ ҳолати дурӯғгӯро муайян мекунад. Аммо барои шинохти дурӯғгӯ ва тамйизи сухани рост аз дурӯғ инсони ҳушманд ниёз ба асбобе надорад, зеро ҳангоми гуфтани ҳарфи дурӯғ дар овоз ва тарзи гӯиши гӯянда як навъ нобоварӣ ва ларзише эҳсос карда мешавад. Гузашта аз ин ваҷоҳати инсон ранги худро дигар мекунад ва чеҳра аз "хиҷолат" ва "азоби виҷдонӣ" кашидани соҳиби худ дарак медиҳад.
Кароматуллоҳи БАДРИДДИН