БЕЗОРИИ ИМОМИ АЪЗАМ АЗ КОРРУПСИЯё чаро Абуҳанифа раиси Додгоҳи олӣ шудан нахост?

Фарҳанг ва адаб 30.12.2008 14:07

Тавре ки маълум аст, сахттарин мушкилот дар ҷомеаи имрӯза фасод ва ришвахорӣ мебошад. Ва ё ба истилоҳи дигар коррупсия. Тибқи гузориши Transparency International (Созмони шафоффияти байналмилалӣ), ки дар амри мубориза бо коррупсия фаъолият дорад, имрӯз ширкатҳои тиҷоратии Русия дар хориҷи кишвар барои ба ҳадаф расидан аз ҳама бештар ришват пешниҳод мекунанд, ки аз ҷониби он созмон мавриди интиқоди шадид қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар мавриди фасодзадагӣ миёни кишварҳои дунё дар мақоми 151 - ум ҷой гирифтааст. Бешак, дар аксари кишварҳои пешрафтаи олам фасод ва ришвахорӣ чун як падидаи хатарбор барои ҷомеа арзёбӣ ва барои ин ҷиноят муҷозоти сангин муқаррар шудааст. Ҷазо барои ришватситонӣ ва фасод ба вижа дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шадид аст. Муҷрим маҳкум ба ҷаримаи маблағаш се баробар бузургтар аз ришвати пешниҳодшуда ё 15 сол ба зиндон равона мешавад.

Бо вуҷуди чорабиниҳо дар Тоҷикистон мутаассифона ин падидаи зишт ва ногувор густариш ёфта, ҳанӯз ҳалли худро пайдо накардааст. Барои ҷилавгирии ришвахорӣ аз тарафи давлат ниҳоди масъуле дар амри мубориза бо коррупсия ташкил ёфт, ки ин мақом ҳанӯз натавонистааст вазъи мубориза бо коррупсияро дар ҷомеа беҳтар кунад. Чаро натавонистааст? Чунки онҳо танҳо муборизаи хешро бо мансабдорони сатҳи поёнӣ ба роҳ мондаанд ва то ҳанӯз мансабдору мақомдори шинохтае аз зумраи вазирону раисони шаҳру навоҳӣ мавриди боздошт қарор нагирифтааст.

Нашрияи "Озодагон" чунин изҳори назар мекунад, ки дар як нишасти матбуотӣ додситони кулли кишвар ҷаноби Бобоҷон Бобохонов дар посух ба пурсиши хабарнигоре дар бораи маъоши кормандони прокуратура ва мошинҳои хориҷӣ доштани онҳо гуфта буд, ки ин мошинҳоро хешовандонашон ба онҳо тӯҳфа кардаанд.

Пас дар инҷо саволе матраҳ мешавад, ки чаро ҳеч як хеше нест, ки барои муаллимон, ки соҳибони фардои ин кишварро савод меомӯзонанд, мошин тӯҳфа бикунад? Чаро фақат хешовандони соҳибони мансабҳои баланд ва кормандони прокуратура, суд, андоз, гумрук ва ғайра, ниҳодҳои давлатӣ тавони мошин тӯҳфа кардан доранду хеши муаллимон наметавонанд чунин корро бикунанд? Ё зери ин тӯҳфа доданҳо асроре ниҳон аст?

Дар чунин вазъ ҷомеа чи тавр метавонад пешрафт кунад? Имрӯз аз ин падидаи ногувор ба таври ҷиддӣ ҷилавгирӣ намешавад... Агар иқдомоти ҷиддӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ришвахорӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад, ҷомеа метавонад ба рушду пешрафт қадам ниҳад.

Сайид Қутб, донишманди Миср дар робита ба падидаҳои зиште, ки дар ҷомеаи Шарқ сар задааст чунин изҳори назар менамояд ки, ниёкони мо тавонистаанд пешрафтатарин ва нирумандтарин мардуми ҷаҳон гарданд, ба ин хотир, ки эшон одатҳо ва падидаҳои зишти худро пушти сар гузошта ҳуввият ва худшиносии идеологияи диниро дар худ ҷойгузин кардаанд.

Паёмбари Ислом Ҳазрати Муҳаммад(с) ҳушдор медиҳад, ки ришвадеҳ, ришвахор ва он кас, ки ба ин амал восита мешавад ва ба таъбири дигар заминаро ҷиҳати ришва мусоид мекунад ба лаънати Худо гирифтор хоҳад шуд. Зоҳир аст, ки касе ба лаънати Худо гирифтор шавад, дар дунё ва ҳам дар охират ноком хоҳад монд. Инчунин Паёмбари бузургвор мефармояд, ки ришвахору ришвадеҳ ҳар ду ба дӯзах мераванд.

Азбаски мо дар арафаи таҷлили бузугдошти Имоми бузургвор Абуҳанифа қарор дорем, донистани иқдомоти ҷасуронаи эшон дар робита ба ҳалли мушкилоти ҷомеа ба хусус коррупсия як дарси хуб ва таъсиргузор хоҳад буд. Яке аз иқдомҳои муҳими ӯ дар амри мубориза бо коррупсия ин аст, ки дар даврони хилофати Абӯҷаъфари Мансур вазифаи сарвари Додгоҳи олӣ, яъне қозии Хилофат ба ин Имоми бузургвор пешниҳод шуд, ки Имом он пешниҳодро напазируфт. Яъне Имом як навъ эътирози худро ба давлати фасодзадаи Мансур нишон дод. Дар натиҷа Мансур ӯро ба маҳбас кашид ва зери шиканҷа қарор дод. Такроран вазифаи қозигӣ бо зӯру зулм пешниҳоди ӯ шуд ва Имом дубора ишғоли он вазифаро рад кард. Абӯҷаъфари Мансур дид, ки шиканҷаву азоб натиҷае надод, василаи молу сарватро пеш гирифта хост, ки Имомро дар чанголи ин фитна гирифтор кунад. Имом медонист, ки охиратро ба молу сарвати ночизи дунё фурӯхтан фойдаовар нест, пас қасам ёд кард, ки ӯ ҳаргиз ин вазифаро қабул нахоҳад кард. Абӯҷаъфари Мансур ҳар василаеро барои розӣ кунонидани Имом пеш гирифт, вале дар оқибат ноком гашт. Билохира ночор Имоми бузугворро ба марг расонид.

ЧАРО ВАЗИФАИ ҚОЗӢ БА ИМОМ ПЕШНИҲОД ШУД?

Имом Абуҳанифа дар даврони худ донишмандтарин ва шинохтатарин шахсият барои ишғоли вазифаи қозии Хилофат буд. Абуҷаъфари Мансур хуб медонист, ки танҳо Имом Абӯҳанифа ба ин вазифа шойиста аст.

Имом ба парҳезкорӣ ва амонатдории худ шӯҳрат ёфта, мавъизаву фатвоҳояш ҷавобгӯи ҳалли мушкилоти ҷомеа буд, ки мардум ӯро мавриди эҳтиром ва итоат қарор дода буданд. Ва Мансури халифа бо пешниҳоди вазифаи қуззот хост, ки аз нуфузи доштаи Имом дар ҷомеа истифода кунад.

Хилофати Мансур, ки пур аз фасоду ришвахорӣ буд, ӯ бешак аз имондорӣ, ҳақгӯӣ ва талошҳои сарсахтонаи Имом эҳсоси хатар мекард. Пайвастшавии Имом ба давлати Мансур сабаби устуворӣ ва суботи Хилофати исломӣ буд ва халифа инро хуб медонист.

ЧАРО ИМОМ ВАЗИФАИ ҚУЗЗОТРО РАД КАРД?

Гап ин набуд, ки имом Абӯҳанифа ба ин вазифа шойиста набуд, на, ӯ аз ҳама ва лоиқтар ва арзандатар ба мақоми қозии Ислом буд, аммо фазои Хилофат ҷиҳати адои масъулияти сарварии мақоми қозигӣ мусоид набуд. Фасод ва ришвахорӣ хело ҳам густариш ёфта буд, ки Имом аллакай дарк карда буд, ки амру фатвоҳои додгоҳи исломӣ тибқи хоҳиши Мансур амалӣ хоҳанд шуд ва Мансур ӯро танҳо ба хотири мавриди бовару эътимод ва ҷойгоҳ доштанаш дар ҷомеа истифода карданист. Илова бар ин, Имом нахост дар чанголи фасодкорону ришватхорон бияфтад. Аз ин иқдоми ҷасуронаи Имоми бузургвор он ки ҷони худро ба хотири сарнагун кардани коррупсия қурбон кард бармеояд, ки барои аз байн бурдани ҳар падидаи зишти ҷомеа, азхудгузаштагӣ зарур аст, монанди қурбонии миллӣ, фикрӣ, вақт ва ғайра. Хушо ба ҳоли Имоми бузургвор, марди далеру қаҳрамон!


Абдулваҳҳоби САЛИМШОҲ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97