СИЁВУШ
Сабо, ба лутф бубар бар диёри ёр паёмам,
Ба обу хоку дарахташ бигӯ дуову саломам.
... Ба номи ӯст азонам, ба сӯйи ӯст намозам,
Ба ёди ӯст суҷудам ба шавқи ӯст қиёмам.
Вале дигар ба тамошойи боғи лола наоям –
Ки бӯйи хуни бародар ҳамерасад ба машомам.
Дар он диёри азизон чи сон бимонам аз ин пас,
Ки ҳамчу гурги ба домам, на оҳуви ба куномам.
Зи таъну туҳмати душман ба ёд нест, валекин
Чаро ки дӯст надод он замон ҷавоби саломам?!
Ба хуни хеш тапон дар фишори ханҷара мурданд,
Парандаҳои сапедам, фариштаҳои каломам.
Аз он шукуҳу ҷалолам суол чист азизон?
Ки зангхӯрда яке теғ аз ниё ба ниёмам.
Ту дони қатъи раҳам байни раҳ чӣ буд, чӣ буд –
Ба ғайри суйи набудан надошт рох давомам.
Ту маҳду гури манӣ, эй Ватан! Ту Зист! Ту Марг!
Ки бе ту ҳич касу ҳич ҷову ҳич кадомам!
Сиёҳпуши туам бар Сиёвашони шаҳидат,
Сиёҳмасти туам он ғами сиёҳ-т ба комам.
Сиёҳномаи дарди туро навиштам сӣ сол,
Сапед бош пас аз ман, кият сияҳ шуда номам.