Аз таҳаммулпазирӣ то танқидпазирӣ
Замони ахир пайдо шудани ибора, ё худ истилоҳи «таҳаммулпазирӣ» дар матбуот ва умуман нишастҳо бисёр ба назар мерасад. Хусусан ин таъбирро дар навиштаҳо ва гуфтаҳои таҳлилгарони динӣ метавон бештар мушоҳада намуд. Ба таври умум кор гирифтан аз вожаи таҳаммул дар баробари ҳама нофаҳмиҳо ва тазъиқу фишорҳо андешаи хуб аст, вале то куҷо ин таъбирро дуруст истифода мекунанд ва дар кадом мавқеъ ва аз ҷиҳати имлоӣ дуруст буданашро, намедонам, ин баҳси ҷудогонаро талаб мекунад. Зеро мо одат намудаем қабул кардани ибораю ҷумлаҳоро аз дигар забонҳо, бо таври нусхагӣ . Инҷо манзурам шарҳи дигар ибора аст. Ибораи ба ҳамин монанд, яъне "танқидпазирӣ". Акнун мардум ва ҷомеъаро то ҷое ба таҳаммул кардан даъват намудем, яъне ба ибораи худи таҳлилгарон "таҳаммулпазирӣ".
Замоне "танқид меваи коммунизм" буд
Хуб мебуд боз мардумро ба ибораи, ё таъбири дигар, «танқидпазирӣ» низ каме ошно месохтем. Агар ин ибора дар шуниди аввал каме ҳам дурушттар садо диҳад, вале чун ба мавқеъ ва ба маврид истифода шавад ва инсонҳо ба мафҳуми он дуруст сарфаҳм бираванд, барои ҷомеъа хеле муфид хоҳад буд, дар сурате ки ба хотири чизею хотири касе набошад, яъне танқиди холисона бошад. Танқид низ мисли доруе, ки талх аст, нофорам аст, вале бо вуҷуди талхӣ аз он набояд эъроз кард, то организми ҷомеъаро низ сиҳҳат нигаҳ дорад. Дар замони шуравӣ, ки замони сензураи сахти озодии матбуот ва дигар васоити ахбори омма вуҷуд дошт, бо вуҷуди ин як ибораи бисёр машҳур роиҷ буд, ки қариб ҳама қишри ҷомеъа ба он, яъне " танқид меваи коммунизм аст" ошно буданд. Раисони корхонаю муассисот аз танқид сахт дар ҳарос буданд. Бо вуҷуде ки қонуншиканию порахӯрӣ низ вуҷуд дошт ва маҳз ҳамин танқиди ошкор намегузошт, ки ба ҳадди ифрот ба порахӯрию қонуншиканӣ роҳ диҳанд.
"Табларза" аз танқид
Ҷомеъаи имрӯзро низ мебояд дар баробари таҳаммулпазирӣ, танқидпазириро низ қабул мекарданд. Зеро ҷомеъае, ки танқидро напазирад, ҳаргиз таҳаммулпазир нест. Чуноне ба мушоҳада мерасад, натанҳо аз танқид ба қавли устод Тоҳири Абдуҷаббор мансабдоронро "табларза" мегирад, балки қариб ҳама ақшори ҷомеъа танқидро хуб қабул надоранд.
Набояд танқидро танҳо ба маънии манфӣ арзёбӣ намуд ва дар ҳарос буд. Вақте ки шахс дар бораи касею чизе ибрози назар менамояд, инсони бохирадро боястӣ дар он гуфтаҳо тафаккур намояд, то чи гуфта шудааст, на ин ки дар ҳол ба фикру гумони ботил пардохт. Файласуфе ба ин маънӣ гуфтае дорад, ки агар шахсе бад бошад, гумон мекунад, ки ҳама мисли худаш баданд. Аз танқид ва ифшо сохтани камбудиҳо бештар афроде, ки ҳисобашон пок нест ва дар андешаи фиреб кардани мардум мебошанд, дар ҳаросанд. Афроди поквиҷдон бошанд, баръакс аз ифшои камбуду нуқсонҳо наҳаросида, саъю талош мекунанд, то норасоиҳоро бартараф созанд.
Ҷомеаи танқидгурез осебпазир аст
Ба мушоҳада мерасад, ки дар кишварҳо ва ҷомеъаҳои пешрафта барои баррасӣ намудани масъалае чи қадар баҳсу мунозараҳо сурат мегирад. Чи қадар ҳангоми намоиши барномаҳо ва тавассути расонаҳо танқиди масъулин сурат мегирад. Вале бо вуҷуди ин ҳама касе аз каси дигар душмантарошӣ намекунад. Дар ҷомеъаҳои қафомонда ва сатҳи дониши мардумашон паст, ки гирифтори садҳо мушкил ва камбудиҳо мебошанд, баръакс чун аз камбудии касе ё чизе ҳарфе гуфта шавад, ҳатман дар симои интиқодгар душмани хешро мебинанд.
Ҳангоме ки касеро барои аъмоли ноҷояш танқид мекунанд, ё камбудиҳои дар кораш бударо ифшо менамоянд, ба ҷойи ислоҳ намудани камбудиҳо, баръакс аз ҷаҳл кор гирифта, роҳҳои таъсир расонидан ба танқидгарро ҷустуҷӯ мекунанд. Аз ин ҳолати руҳӣ ва эҳсосии мардуми мо, хусусан дар ҷанбаи динию эътиқодӣ, истифода намуда, метавонанд ба осонӣ моро ба мухолифату ҳамдигарнофаҳмӣ, зуд мувоҷеҳ созанд, гарчанде вақтҳои ахир аз ибораи таҳаммулпазирӣ дар ҷомеъа васеъ истифода мекунанд. Вале айб дар дигар чизаст, аз танқиду ифшои норасоиҳо дар гурез будан. Маҳз ҳамин иллат аст, ки мо эҳсосӣ ва дорои ҳолати нохуби руҳӣ ҳастем. Ва чунин ҷамъиятро метавон ҳар замон, ҳатто дар кӯчактарин масоил метавон ба тарафи нофаҳмиҳо савқ дод.
Аммо дар мамолики мутараққӣ тамоми васоити ахборро озод ва дар ҳолати ғайрисонсурӣ қарор медиҳанд, то ҳамаи қишрҳои ҷомеъа, навобаста аз шуғлу мансабашон битавонанд фикру андешаи хешро ба таври ошкор баён созанд ва касонеро, ки ба қонунвайронкунӣ даст мезананд, мавриди танқиди шадид қарор медиҳанд ва ба ин роҳ василаеро барои ислоҳи ҷомеъа фароҳам меоваранд. Аз танқидкунӣ касе дар ҳарос набуда, баръакс саъй ба он мекунанд, то камбудии хешро ислоҳ намоянд ва аз шахси танқидгар душмантарошӣ накунанд, яъне он ҷомеъаҳо ва мардум ба танқидпазирӣ одат кардаанд, чуноне ки дар мо ғайри ин ба мушоҳада мерасад.
Манзур аз ин гуфтаҳо ин аст, то дар баробари таҳаммулпазир будан, низ танқидпазир бошем ва таҳлилгарон низ, ҷомеъа ва мардумро ба ин ибора, ё таъбир, яъне танқидпазирӣ бояд ошно намоянд. Зеро ҷое, ки танқид набошад ва мардумонаш танқидпазир набошанд, чунин макон аз камбудию норасоиҳо орӣ нахоҳад буд ва мардумонаш гирифтори садҳо навъи мушкилот хоҳанд буд.
Ҷамшеди Қувват