Ангела Меркел даъват кард, артиши ягонаи Аврупо таъсис шавад

Хабари хуб 14.11.2018 14:46

Танҳо Аврупои пуриқтидортар метавонад арзишҳояшро ҳимоя кунад, гуфт садри аъзам. "Мо бояд сарнавиштамонро ба дасти худ бигирем", - афзуд вай.

Охири моҳи сентябр идеяи таъсиси артиши ягонаи Иттиҳоди Аврупоро президенти Фаронса Эммануэл Макрон пешниҳод карда буд. "Мо бояд худро аз Чин, Русия ва ҳатто ИМА ҳифз кунем", - гуфта буд он замон Макрон.

Ин пешниҳод аз сӯи президенти ИМА Доналд Трамп маҳкум шуд. Вай рӯзи панҷшанбе гуфт, пеш аз он ки артиши ягонаи Аврупо сохта шавад, бояд харҷи нигаҳдории НАТО пардохт гардад.

Рӯзи сешанбе Трамп гуфт, артише ки Аврупоро аз Чин, ИМА ва Русия ҳимоят мекард, - вуҷуд дошт - ин артиши Олмон дар Ҷангҳои аввал ва дувуми ҷаҳонӣ буд. "Барои Фаронса ин чи овард?" - навишт президенти ИМА дар твиттер.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97