ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ: КӢ БА ИН САТҲ РАСИДААСТ?

Таърих 15.03.2010 18:48

Таърихи ташаккули миллат раванде мебошад, ки дар он тамоми зарфиятҳои миллӣ, ки асоси фархангӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва андешавиро доранд, таҷассум меёбанд. Ин раванд хеле мушкил ва пурпечутоб буда, муайян ва мушахассоти аслии он миллатро ба ҳадаф мерасонад. Дар ин росто тасмими нашрия бар ин шуд, ки ба хонандагон дар бобати ташаккули миллат ва давлатҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ матлаб пешниҳод намоем. Зеро ташаккули миллатҳо дар ин минтақа то ҳол мавриди баҳси донишмандон қарор дорад. Таҳқиқи навини доктори илмҳои фалсафа, профессор Очил Зоҳидов ба паҳлӯҳои то ҳол баҳсталаби ин масъала рӯшанӣ меандозад.

ПАЙДОШАВИИ ДАВЛАТ АЗ ПОРАҲОИ АВЛОД

Масъалае, ки ба миён гузошта мешавад боис ба пайдошавии ақидаҳою андешаҳои мухталиф мегардад. Бояд тазаккур дод, ки доир ба масъалаи давлат, хусусан, вобаста бо мафҳуми "мардум" ва "миллат" дар адабиёти муосир ҷомеашиносон ақидаҳои гуногуне талқин мекунанд, ки на ҳама вақт якхела мебошанд ва баҳсталаб буда, ба чамбараки оддии пештара мувофиқ нестанд.

Дар ибтидо барои оғози масъалагузорӣ зарурат ҳаст, ки нахуст ба мафҳуми "давлати бодиянишинӣ", ё бо ибораи дигар "давлати кӯчманчигӣ" ошно шавем. Чунин мафҳумро бисёриҳо истифода мебаранд, ки умуман бо мафҳуми "давлат" ҳамчун ташкилоти сиёсии ҷомеа ягон робитаи аслӣ надорад.

Сабаби истифодаи мафҳуми "давлати кӯчманчигӣ" дар он аст, ки баъзе аз олимон дар зери ин мафҳум чунин мазмунро мефаҳманд, ки боядиянишинон ҳам давлат доштаанд ва бинобар ин давлати онҳо низ бисёр қадим аст. Омили дигари истифодаи мафҳуми "давлати кӯчманчигӣ" чунин таассуби соддалавҳона аст, ки гӯё давлатдорӣ нишонаи бомаданиятӣ ва бофарҳангиро ифода мекарда бошад. Чунин фикр аз ақидаи сиёсатмадорони аврупоӣ, хусусан Томас Ҳоббс, бармеояд, ки давраи тодавлатӣ-давраи "ҷанги ҳама зидди ҳама" буд ва одамон дар вазъияти ваҳшигарӣ, торикӣ, пастӣ, ифлосӣ ва бефарҳангӣ мезистанд. Боз як ақидаи дигарро олимони ҷомеашинос дастгирӣ менамоянд, ки баробари паёдошавии давлат мардум ба зинаи нави муносибатҳо мегузарад ва ин зинаро зинаи тамаддун меноманд. Ин ақидаро тамоми олимони сиёсатшинос, файласуфон ва ҷомеашиносон қабул намудаанд ва бояд қайд кардан лозим аст, ки моҳияти пайдошавии давлат ҳоло низ боиси ақидаҳои гуногун мебошад.

КӮЧМАНЧИҲО ВА СИТЕМАИ СИЁСӢ

Дар илми сиёсатшиносӣ ақидаи марксистӣ ҳаст, ки сабаби пайдошавии давлатро дар пайдошавии моликияти хусусӣ ва ба синфҳо тақсимшавии ҷомеа мебинанд. Албатта дар ин ақида мақоми омилҳои иқтисодӣ дар пайдошавии давлат хело баланд мебошанд. Аммо бояд зикр кард, ки омилҳои иқтисодӣ бояд эзоҳи худро дошта бошанд. Агар доир ба моликияти хусусӣ сухан равад ва ин нукта матраҳ шавад, ки он натиҷаи вайроншавии моликияти авлодӣ мегардад, аслан ин фикр дуруст мебошад. Локин моликияти хусусӣ танҳо дар он маврид дар муносибатҳои иқтисодии ҷомеа мақоми асосоиро ишғол намуданаш мумкин аст, агар моликияти авлодӣ ва давлатӣ пурра аз байн равад ё ҳаҷми он тамоман паст гардад. Дар ҷомеаҳои Юнон ва Рими Қадим чунин равандҳо пурра мушоҳида карда мешуданд. Аммо нисбати таърихи Осиё ва Африқо чунин фикрро изҳор намудан зарур аст, ки муносибатҳои иқтисодиро моликияти хусусӣ муайян намекард, вале муносибатҳои сиёсӣ пайдо шуда буданд ва чунин ташкилоти сиёсӣ, ки онро давлат меноманд, аввал дар Шарқ пайдо мешавад.

Агар сабаби пайдошавии давлатро нисбатан дурусттар тафсир намоем ва пеш аз ҳама муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба инобат гирем, пас асоси пайдошавии системаи сиёсӣ дурустар маънидод карда мешавад ва он чӣ тавр шакли мукаммали худро дар давлат ифода менамояд, маълум мегардад.

Барои чӣ кӯчманчиҳо дорои ситемаи сиёсӣ набуданд ва давлатдориро низ аз сар нагузарондаанд? Ин ҷо омилҳоеро дидан мумкин аст, ки хусусияти объективӣ доранд ва аз майлу рағбати як шахс вобаста нест.

Нахуст нисбат ба мафҳуми "давлати кӯчманчигӣ", ки худи ин мафҳум аз ҷиҳати мантиқ нодуруст ҳаст ва он ба чунин ташкилоти сиёсӣ, ки онро давлат меноманд, моҳиятан мувофиқ нест. Агар тарзи муносибатҳои кӯчманчиёнро ба инобат гирем, онҳо дар шароити қабилавӣ ва авлодӣ мезистанд. Авлод ва қабила ҳамаи аъзояшро баробар медонистанд, моликият ба тамоми аъзои қабила тааллуқ дошт ва дар сари чунин ташкилоти ҷомеавӣ доҳиҳо меистоданд. Агар бар замми ин тарзи ҳаёти кӯчманчиро ба инобат гирем, пас тарзи ташкили ҷомеаи авлодӣ, тамоман вайроннашаванда мемонад. Сабабаш дар он аст, ки кӯчманчӣ бояд дар авлод зиндагӣ намояд ва танҳо чунин намуди пайванд имконият медиҳад, ки вай худро аз гуруснагиҳо ва шиканҷаҳои ҳаёти кӯчманчигӣ наҷот диҳад. Сони галаи чорво, ки ягона воситаи иқтисодии кӯчманчӣ ба ҳисоб мерафт, танҳо авлод нигоҳ дошта метавонист ва он низ моликияти авлод буд.

Барои он ки шакли ҷомеаи авлодӣ пурра аз байн равад ва ҷояшро шакли нави муносибатҳои ҷомеавӣ, ки онро дар илми ҷомеашиносӣ "халқ" ё "мардум" меноманд, ишғол намояд, худи тарзи зиндагонии кӯчманчигӣ ба шакли нави муносибатҳои иқтисодӣ гузаштанаш лозим аст. Кӯчманчиёни чорводор дар зери таъсири сабабҳои гуногуни табиӣ ва иҷтимоӣ ба шакли зироаткорӣ ва кишоварзӣ мегузаранд ва дар ин маврид муносибатҳои авлодӣ дар зери зиёдшавии аҳолӣ ва пайдошавии оиладории моногамӣ оҳиста вайрон шуданаш мумкин аст. Шакли хоҷагидории кишоварзӣ имконият медиҳад, ки ҳосили зиёд рӯёнад ва ин сабаби нобаробарии аъзоёни авлод мешавад ва риштаҳои бародарӣ ва баробарии авлод дар хатар мешавад. Агар ҳудуди авлодҳо торафт наздик шавад ва омехтаҳои онҳо низ зиёд гардад, ин ҳам яке аз сабабҳои барҳамхӯрии авлод мегардад. Аммо муносибатҳои бозорӣ барои боз ҳам тезтар кандашавии риштаҳои авлодӣ сабаби асосӣ мегарданд. Бозорҳо дар сарҳадҳои авлоду қабилаҳо пайдо мешаванд ва хусусан онҷо марказҳои савдо шуда, баъдтар асосои пайдошавии шаҳрҳо мегарданд. Дар мавриди инкишофи муносибатҳои иҷтимоӣ ва парокандашавии пайванди авлодӣ, худи қабилаҳо ба ташкилоти нави иҷтомоӣ мегузаранд, ки ба ивази авлод пайдо мешавад. Ин шакли нави иҷтимоиро халқият ё мардумият меноманд. Барои мардумият чунин хосиятҳо мансубанд, ки аллакай мураккабии сохти мардумро нишон медиҳад. Аввал бояд забон пайдо шавад, ки на танҳо лаҳҷаҳо, балки боқимондаҳои забони пешинаро низ ба худ тобеъ менамояд ва ба худ ҷазб карда кашида мегирад.

Дуюмаш он аст, ки тамоми мардум вобаста аз мавзеи зисташ тақсим карда мешавад, на аз лиҳози дохил шудан ё нашудан ба авлод. Сеюмаш, худи мардум ба табақаҳо тақсим мешавад ва ин шакли тартиби ҷомеа ба муносибатҳои авлодӣ тамоман шинос набуд. Баробари пайдошавии табақаҳо, ташкилоти сиёсии ҷомеа пайдо мешавад, ки он ҳам ба ҷомеаи авлодӣ ошноӣ надошт. Баробари пайдошавии табақаҳо ва ташкилоти сиёсии ҷомеа худи давлат шакли пирамидаро пайдо менамояд, ки дар он тақсимоти табақавии мардум пурра ифода мегардад. Шартан дар болои пирамида давлатдор меистад, ки онро табақаи ашрофон ташкил медиҳад. Дуюм табақаи рӯҳониён аст, ки барои давлатдор якумин пояи дастгиркунандаи вай шуда метавонад. Сеюм табақаи савдогарон ва ҳунармандон, ки онҳо низ пояи давлатро ташкил менамоянд, ва чорум табақаи мардумони оддӣ ва кишоварзони дар деҳаҳо зиндагикунанда мебошанд, ки миқдори онҳо аксарияти мардумро ташкил медоданд. Боз як шакли нави тартиботи давлатдорӣ, ки барои мардуми бодиянишин ношинос буд ва тамоман онро намедонистанд, ин ташкили дастгоҳи давлатӣ ва лашкари доимӣ буд. Дар ҷомеаи авлодӣ тамоми мардҳо бояд дар хизмати ҳарбӣ сафарбар мешуданд, аммо ин хизмат шакли доимиро надошт ва хосияти касбӣ ҳам набуд. Дар мавридҳои ҷанг ҳар як авлод, ки ба ҳайати қабила ворид буд, аз дохили худаш миқдори муайяни аскаронро барои ҳарб пешбарӣ менамуд. Аммо баробари пайдошавии давлат ҳарбиёни касбӣ пайдо мешаванд, ки барои хизматашон маош мегирифтанд, ё аз ҳайати аскрони кироя лашкарони давлат тартиб дода мешуд, ки чунин лашкар метавонист дар мавриди ҳарб ба соҳибонашон хиёнат кунанд. Мисол туркони кироя, ки ба давлатдории Сомониҳо хиёнат намуда тарафи душманро дастгирӣ намудаанд.

(давом дорад)


Очил ЗОҲИДОВ, профессор

ХАБАР

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97