Millat
19.05.2012
Баёния
13.01.2012 13:30   

Dodojon_AtoulloАФРӮЗ - Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон ҳамлаи ваҳшиёна ба Додоҷони Атовулло, муассис ва сардабири нашрияи «Чароғи рӯз»-ро қатъан маҳкум мекунад. Бар асари ин ҳамла, ки тавассути як фарди ношинохта дар шаҳри Маскав сурат гирифтааст, Додоҷони Атовулло ба шиддат маҷрӯҳ гашта ва баъди анҷоми амали ҷарроҳӣ дар ҳоли бехудист.

       АФРӮЗ ҳамла ба Додоҷони Атовуллоро сӯйиқасд ба озодии баён ва ҳуқуқи инсон медонад. Ва аз мақомоти марбутаи Русия хостори таҳқиқи сареъи ин қазия, ошкор кардани иҷрокунанда ва фармоишгари ин сӯйиқасд мебошад. 
      Ҳамчунин интизор дорем, ки мақомоти Тоҷикистон низ дар амри ҳимоят аз шаҳрванди худ, ошкор кардани омилони ин ҷиноят аз тамоми имконоти ихтиёрашон кор хоҳанд гирифт. Зеро ин сӯйиқасд ба ҷони як журналисти маъруф ва шинохта ба обрӯ ва эътибори ҳар ду кишвар соя меафканад.

Анҷумани байналмилалии
рӯзноманигорони форсизабон - АФРӮЗ  
13.01.2012, Душанбе

 

Назарҳо  

 
0 # Бобочон 01.02.2012 12:55
Охир онхое ки ин амали нангинро содир кардаанд, хадафашонт беобру кардани Руссия ва Точикистон ва эчоди низои навбати байни ин ду кишвар аст.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # Масъул 09.02.2012 15:52
Мо чи гуфтем?
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 

Назари худро нависед


Баннер

Назарсанҷӣ

Қаҳрамони сулҳи тоҷикон кист?
 
PDF

Тақвим

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     

— Designed by: UmedSharipov