Millat
19.05.2012
Толибшоҳи Сайидзода: «Эй мукофотбахшҳо, маъзур…»
14.03.2011 15:39   

Tolibaka11 марти соли 2011, дар рӯзи Ҷашни матбуоти тоҷик банда ба дарёфти Ҷойизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф шудам. Ба ҳангоми супурдани ин мукофоти арзишманд раиси мӯҳтарами Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов гуфт, ки яке аз маблағгузорони ин Ҷойиза, Вазорати кишоварзӣ (вазир Қосим Қосимов) мебошад.

Бо далели он ки Вазорати кишоварзӣ бо нашрияи «Милллат» даъвои бемантиқи судӣ дорад ва ин вазорат беасоси воқеъӣ аз болои нашрияи «Миллат», ки банда ба ҳайси муҳаррири он фаъолият дорам, як сол қабл ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт муроҷиат карда ва ба ин тариқ дар амал як ниҳоди бӯғикунандаи озодии матбуот ва сухан гардидаву 8 феврали соли равон додгоҳи номбурда зери раисии судя Дилором Абдурҳимова дар нисбати нашрияи «Миллат» ҳукми ноодилона- 1500 сомонӣ ҷарима барои зарари маънавӣ расонидан ба Вазорати кишоварзӣ ва чопи радия, ки гӯё далелҳои дар матлаби нашркардаи «Миллат» исбот нашудаанд, содир намуд, аз ин рӯ банда, Толибшоҳи Сайидзода аз гирифтани маблағи Ҷойизаи ба номи устод Лоҳутӣ расман, бо нишони эътироз даст мекашам. Саҳмгузории як ниҳоди давлатие, ки аз сӯи Оҷонси мубориза бо коррупсия ва Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар (соли 2009) ба доштани фасод муттаҳам шуда буд ва бо матбуот даъвои судӣ дорад, дар муҳимтарин Ҷоизаи журналистии Тоҷикистон барои ман қобили дарк нест. Аз ин рӯ, ман ба унвони  муҳаррири нашрияи «Миллат» гирифтани бахшишеро аз чунин ниҳод кори ғайри ахлоқӣ медонам.

Ба аъзои Раёсати мӯҳтарами Ҷойизаи ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ барои пуштибонӣ аз номзадии банда изҳори сипос гуфта, итминони комил дорам, ки ин тасмим хотири шарифи онҳоро озурда нахоҳад сохт.

 

Толибшоҳи Сайидзода,

муҳаррири нашрияи «Миллат»

 

Назарҳо  

 
0 # 14.03.2011 15:52
Эй зинда боши Шери Нар! Ана ин аст чавонмарди! Ана ин аст журналист! Зинда бод Пастернаки Точик. Аллома Икбол дар соли 1922 ва Борис Пастернак дар соли 1963 аз гирифтани Чойизаи Нобел даст кашида буданд. Шоир Низом Косим ва Мазхабшохи Мухаббатшох низ аз гирифтани чойиза даст кашида буданд.Ахсант Толибшох!
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 14.03.2011 15:59
Офарин Толибшо. Канд зан. Ана мардонаги ва часорат хамин аст! Хатман пируз мешаваи, зинда боши!
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 14.03.2011 17:12
Муборак бошад! Аммо на чоиза, балки сарпечи аз унвон. Вокеанд дар ин видио дидам http://www.youtube.com/watch?v=kAaw346Ce-I&feature=player_embedded
ки мепурси ки аз Косимов бошад намегирам аммо гирифтаи хайрон шудам. Ин хел карда боши кори хубе кардаи. ОФарин, бори дигар муборак
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 14.03.2011 20:49
Браво Толибшо!
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 15.03.2011 13:34
Худо рахматат кунад Сайдар аз он дунё хам менависи. Худо чоятро чанат гардонад
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 16.03.2011 12:17
Чавоб ба Хайрат. Оре, Худо рахмат кунад он Мухаммадрахими Сайдарро, вале ман дигар САЙДАРам. Ман Сайидамири САЙДАРам. Бале, таваччух карди Хайрат, ки хама харфхои исми ман калон навишта шудаанд. Ин исм шакли кутохшудаи се бобои гузаштаи ман аст. Бори дигар дар часоратат садка бародар Толибшох!
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 24.03.2011 21:25
Вакте мардуми бе сару сомони Точикро мебини хам
дар дохилу хам дар даври ашголдонхои Русия дарег мехури ,ки нангу номуси миллат аз даст рафт!
Миллат ру ба нести нихода.....
Он чиву чоизахои он чи..........?
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 27.09.2011 11:21
SALOM MAALIMJON ZINDA BOSHI
SHUMO AZ IN JOIZA RUI QARDONIDED QUYO KI MISLI IN JOIZARO BA TAMMOMI HAMVATANONAT TUHFA KARDAI
MAN YAKE AZ SHOQIRDONI PESHQADAMI SHUMO HASTAM HOLO DAR KHORIJAAM SHOYAD BA YOD OVARDA BOSHED
KHUDOVAND NIQAHDORI SHUMO BOSHAD
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 

Назари худро нависед


Баннер

Назарсанҷӣ

Қаҳрамони сулҳи тоҷикон кист?
 
PDF

Тақвим

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     

— Designed by: UmedSharipov