Millat
19.05.2012
Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода: "Мо зиндонро қабул дорем, хориро не!"
27.12.2011 09:16   

sHIKOYATI_tURAJONzodaЧуноне қаблан гуфтем дар асоси аризаи шикоятии раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин, раиси Кумита оид ба корҳои дин Абдураҳим Холиқов ва роҳбари Шӯрои уламои дини кишвар Сайидмукаррам Абдулқодирзода бо далели дар нисбаташон зоҳир шудани беэҳтиромӣ ҳангоми ташриф бурдан ба масҷиди "Муҳаммадия" прокуратураи шаҳри Ваҳдат бародарон Эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзодаро ба бозпурсӣ даъват намуда буд. Хабарнигори "Миллат" сари рӯшанӣ андохтан ба ин қазия бо Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода муроҷиат намуд. Мавсуф дар робита ба ин ҳодиса чунин изҳор дошт:

Онҳо хилофи қонун амал карданд?

"Аввалан бояд бигӯям, ки басташавии масҷиди мо, ки дар он то 20 ҳазор намозгузор аз гӯшаву канори кишвар меомаданд ва акнун аз файзи ибодати илоҳӣ маҳрум гаштаанд, як мусибати бузург аст. Чуноне хабар доред рӯзи 9 декабр, соати 12. 30 бе он ки хатиби масҷиди "Муҳаммадия", бародари мо, Эшони Нуриддинро огоҳ карда бошанд, раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин, раиси Кумитаи дини кишвар Абдураҳим Холиқов, раиси Шӯрои уламо Мукаррами Абдулқодирзода бо 50 тан кормандони амният ва милиса намоишкорона, сафҳои намозро бурида дохили масҷид шуданд. Ин як ҳодисаи даҳшатнок буд, ки бо намозгузорон ва бо хонаи Худо карданд. Ин кори онҳо ба моддаи 157- и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон мухолифат дорад, зеро тибқи ин модда ҳеч касе ҳақ надорад, ки дар вақти ибодат вориди масҷид шуда раванди ибодатро халалдор созад. Раиси шаҳри Ваҳдат ҳатто пойпӯшашро аз по берун накарда болои ҷойнамоз, ки мардум мешинанд, пешонӣ мегузоранд, бо кибру ғурур бо ҳамроҳонаш вориди масҷид шуда, баландгӯякро аз дасти бародари мо Эшони Нуриддин мегиранд ва мехоҳанд, ки сӯҳбат бикунанд ва табиист, ки мардум бо садоҳои "Аллоҳу акбар" монеъи онҳо шуданд.

Ба намояндагони ҳукумат беэҳтиромӣ нашудааст

Ду рӯз қабл аз ин Шӯрои уламо як баёнияе пахш карда буд, ки дар нисбати хонаводаи мо тӯҳмату таҳқир ҷой дошт. Ва як баёнияи дигари ин Шӯро ҳам дар хабаргузории расмии Ҳукумати Тоҷикистон "Ховар" ба нашр расид, ки аз якдигар фарқ мекунанд. Аҷибаш ин аст, ки хидматгори Шӯрои уламо дар паҳн кардани он баёнияҳо идораҳои ҳукуматӣ буданд, ки тибқи қонун ба ин кор ҳақ надоранд, ки супориши як ташкилоти ҷамъиятиро иҷро бикунанд. Муфтӣ Мукаррам дар суханрониаш дар масҷиди мо ба ҷои он ки узр пурсад, ба насиҳати мо оғоз кард. Гуфт, ки хунҳои рехтаро фаромӯш накунем, гӯё ёди шаҳодати Имом Ҳусайн кардан бойиси хунрезӣ мешудааст. Дар нисбати намояндагони ҳукумат дар масҷиди мо ҳеч гуна беэҳтиромӣ зоҳир нашуд, ҳарчанд онҳо қонуншиканӣ карданд, бо такаббур вориди масҷид шуда, эҳтироми хонаи Худоро ба ҷо наоварданд. Касе дигар аз берун ҳақ надорад, ки омада ба минбари масҷиде барояд. Ҳатто бубинед, вақте президенти Русия Медведев вориди ягон ибодатхонаи насронӣ мешавад, ба минбар намебарояд, зеро ин ҳақро ба худ раво намебинанд. Вале дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар хоҷагии собиқи "Комсомол" як хонуми мансабдор бо сару гардани бараҳна, бо домони кӯтоҳ чун имоми масҷид аз хондани баёнияи Шӯрои уламо худдорӣ кардааст, дар меҳроби масҷид истода он баёнияро барои намозгузорон қироат кардааст. Охир ин даҳшат аст. Беэҳтиромӣ дар масҷиди мо аз ҷониби онҳо шуд ва боз мехоҳанд, ки мо аз онҳо узр пурсем.

Мо ба Президент гумони нек дорем

Хулосатул калом ман намедонам ба онҳо кӣ чунин машварат дод, ки бо мо чунин бархӯрд бикунанд. Мо ҳам инсон ҳастем, эҳсосу шараф дорем, дар ватани худамон зиндагӣ дорем. Онҳо мехостанд, ки моро бо ин амалашон бишкананд, хоки замин кунанд, нишон диҳанд, ки мо касе нестем, моро хору зор кунанд, хато мекунанд. Мо дар масъалаи номусу имондорӣ ба касе иҷоза намедиҳем, ки моро таҳқир кунанд.Фаромӯш кунанд касоне, ки гумон доранд моро бо ин роҳ метавонанд таҳқир кунанд, зери по кунанд, хомӯш кунанд. Мо зиндонро қабул дорем, шаҳодатро қабул дорем, вале хориро, таслимшавиро қабул надорем. Мо ҷонибдори оромии кишвар ҳастем. Ин амну оромиро бояд мисли гавҳари чашмамон азиз бидонем. Бародарамон Эшони Нуриддин ҳам дар ин бора сӯҳбат карданд, ки ваҳдати миллиро нигоҳ дорем, ба қадри суботу осоиши ҷомеъа бирасем. Мо аз Президенти кишвар гумони бад надорем. Мо ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ҳастем ва чун Президент кафили озодиву ҳуқуқҳои ҳамаи шаҳрвандон аст, аз ӯ мехоҳем, ки ҳуқуқҳои моро ҳифз кунанд. Умедворем, ки Президент аз рӯи адолат ба ин қазия расидагӣ мекунаннд. Мо таҳқиру тӯҳмат дидаем, ҳуқуқҳои мо поймол шудаанд. Ман узви ягон ҳизби сиёсӣ нестам, нияти мансаб гирифтану ҳатто раиси ноҳия шуданро надорам. Орзуи ман ҳамин аст, ки кишвари азизамон ором бошад ва ҳуқуқҳои мардум риоя шавад, барқ бошаду ришвахорӣ набошад. Мо ният дорем, ки худро аз ин иттиҳомот сафед кунем, дасисакоронро ошкор ва ба додгоҳ бикашем ва фаъолияти масҷидамонро дубора роҳандозӣ кунем. Агарчанде бовар дорам, ки қонун дар Тоҷикистон бо ду по мелангад."

Ташкили эътироз дар Русия дасиса аст

20 декабр, дар нимаи дуввуми рӯз Ҷамъияти муҳоҷирони сиёсии Осиёи миёна дар Русия бо раҳбарии Баҳром Ҳамроев, ки аз ӯ ҳомии ҳуқуқи башари Узбакистон ном бурдаанд, дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба ҷонибдорӣ аз мусулмонони "таъқибшуда"-и Тоҷикистон намоиши эътирозӣ баргузор намудаанд. Хабаргузориҳо гуфтаанд, ки шаҳрдории Маскав барои ин амал ба онҳо иҷозат додааст. Хабари баргузории эътироз дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳоле пахш шудааст, ки президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони ИДМ дар шаҳри Маскав қарор дошт. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ташкили як намоиши эътирозиро дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав "дасиса" хонда илова кардааст, ки "мо эҳтиёҷ ба барогузории ҳеҷ гуна намоиши эътирозӣ дар хориҷ аз кишвар надорем. Ин барои беобрӯ кардани Тоҷикистон аст. Шояд инро гурӯҳҳое мекунанд, ки мехоҳанд президенти Тоҷикистонро бо хонаводаи мо "ҷанг" андохта ва ба ӯ бигӯянд, ки бубинед, инҳо чӣ касоне ҳастанд." Ҷаноби Тӯраҷонзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки қатъан мухолифи ҳар гуна эътироз дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав барои ҳимоят аз хонаводаи худ мебошад. Ӯ изҳор дошта, ки хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо бо ҳукумати Тоҷикистон, махсусан президенти кишвар ихтилофе надоранд. Вале ба қавли ҷаноби Тӯраҷонзода "байни мо ва баъзе аз мансабдорҳои ҳукуматӣ ва Шӯрои уламо ихтилоф аст, ки талош дорем, то дар доираи қонунҳои мавҷудаи кишвар он ҳал бишавад." Ин рӯҳонӣ ва сиёсатмадор бовар дорад, ки "эътирози гурӯҳи ношинос" талоше барои шӯронидани президент Эмомалӣ Раҳмон алайҳи хонаводаи Тӯраҷонзодаҳост. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, ин эътироз дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сурат гирифтааст. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода изҳор дошта, ки шахсеро бо номи Баҳром Ҳамроев намешиносад ва намедонад, ки ӯ кисту бо ташкили ин эътироз чӣ мехоҳад. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, тамосҳояш бо шумори телефоне, ки дар пайи эълони ин эътироз дар хабаргузориҳо навишта шудааст, бенатиҷа будааст. Ҷаноби Тӯраҷонзода аз ҳамаи дӯстону наздикон ва ҳаводорони худ хостааст, ки дар ин эътироз ширкат накунанд ва худро аз ҳар гуна дасисае, ки ба эҳтимоли ғолиб ба манфиати онҳо нест, дур бигиранд.

Тураҷонзода ба додгоҳ шикоят бурдааст

Замоне, ки ин матлаб ба нашр омода гардид хабар расид, ки Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода раҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзодаро барои тӯҳмат ва паст задани шаъну шарафи Тураҷонзодаҳо муттаҳам дониста, ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шикоят бурдааст.

Лозим ба ёдоварист, ки Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи 6 декабр дар баёнияе, ки онро хабаргузории давлатии "Ховар" ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории "Ошӯро" дар масҷиди "Муҳаммадия" ва нақши хонадони Тураҷонзодаҳо дар ин иқдом шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба "тағйири мазҳаб" муттаҳам намуд.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар сӯҳбаташ ба "Озодӣ" ҳадаф аз пахши баёния ва рафтан ба масҷиди Тураҷонзодаҳоро на бештар кардани ихтилоф, балки ҷилавгирӣ аз тафриқандозӣ миёни мусулмонони кишвар унвон карда буд. Ҷаноби Абдулқодирзода гуфтааст, ки онҳо ният доштанд намози ҷумъаро дар фазои ором бо Тураҷонзодаҳо бихонанд, аммо аз сабаби сард пешвоз гирифтани меҳмонон ва ҳаёҳӯи ҷавонон ва ба хотири ноором нашудани фазои масҷид онҳо маҷбур шудаанд, ки намозро дар ҷои дигар бигузоранд.

Дар ҳамин ҳол Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи хонаводаи Тураҷонзодаҳо гуфтааст, ки 20 декабр шикоят алайҳи раиси Кумитаи дини Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов, раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзодаро ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва прокуратураи шаҳри Ваҳдат супурдаанд.

Толибшоҳи САЙИДЗОДА

 

Назарҳо  

 
0 # Кадам 27.12.2011 09:46
Ба номи худовнди бахшандаи мехрубон!
Худованд ШУМОРО нигохбон бошад ЭШОНЗОДАхо ТУРАЧОНЗОДАхо!
Дар амони АЛЛОХ!
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # Анис аз Хордара 28.12.2011 16:52
Ростонро набувад хеч заволе ба чахон.
Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад.
Ахсан ба Шумо Турачонзодахо!! !
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+1 # musulmon 30.12.2011 22:34
salom xonandagoni aziz . ammo in kaziyae ki pesh omad va in ixtilof hamaash taksiri hamon shuroi ulamo bud .shoyad baze az onho xabar nadoshtand va ba nomi onho in bayonia sodir shuda ast . ghayr az mukarram ki hamai barnoma reziro hamon shaxs anjom doda ast . chun agar vokean namedonist charo ba masjidi muhammadiya raft va dubora fitna bar po kard va naguft ki man in bayoniyaro sodir nakardam balki shuru kard ba tasbit kardani in bayonia .
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # musulmon 30.12.2011 22:37
bovar kuned ey musulmonon man az in mufti dar ajabam ki meguyad azodorii emom huseyn ixtilof meboshad . vale injo yak sirre ast ki man mexoham biguyam . oshuroi huseyni yane judogii zolim az mazlum va tashxis dodani zolimin ast va niz oshkor shavii dini nobi muhammadist . baroi hamin emom huseyn xudro fido kard . ammo chun dar in azodori odamoni din furuxtae chun /// shinoxta meshavand binobar in namexohad ki in majlis barguzor shavad .
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # musulmon 30.12.2011 22:41
emom huseyn tarozui tashxisi hak az botil ast baroi hamin ast ki onon az in azodori va az inguna majolis dar harosand. magar hadisi huseyn charoghi hidoyat va kishtii najotro onon dar kutubi hadisii mo naxondaast? ine ki az shunidani lani yazidi malun norohat meshavad va rezaxori sari sufrai yazid ast malum ast ki norohat meshavad . chun bo yazid sinxiyat dorad. binobar in bo oshuroi huseyni muxolifat mekunad . voy bar in musulmonie ki yak mufti masjidro bibandad .millat xohishan dona ba dona chop kuned . mutashakkiram
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # Салом 07.01.2012 10:47
Ахсан ба Шумо бобои Эшон!
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # олимджон 08.01.2012 20:42
баноми худои бахшандаи мехрабон худованд нигахбони шумо бошад оилаи турачонзодахо ба ин малакаи илми дониши худодод бо похрезгори такводори бо суханхои хаку рафтору кирдори расули хак ва мубориза зиди ахли дини ислом бо истодагариву бо сабри ва давати чавонон бо рохи росту сиротал мустакил ки факад аз барои худо шуда чони худро дарег намедоред худован ачри бузург бо шумо дар ин дунё ва охират дихад худованди бузург нигодори шумо бошад. боэтиром яке аз мухлисони шумо абдулвахоб.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 

Назари худро нависед


Баннер

Назарсанҷӣ

Қаҳрамони сулҳи тоҷикон кист?
 
PDF

Тақвим

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     

— Designed by: UmedSharipov