| Путин "имтиҳон" мегирад | |
|
|
Ин таъкиду пешниҳодҳои ғайримунтазираи Путин, ки чанде пеш даъвои бунёди Иттиҳоди АврОсиёро дошт, чӣ дар Русия ва чӣ дар хориҷ аз он боиси сару садоҳои зиёде гаштаанд. Бархе инро бо хушнудӣ пазируфта, ягона роҳи сохтани ҷомеъаи русӣ медонанд, вале иддае гуфтаҳои Путинро бар хилофи Қонуни асосии ин кишвар баҳогузорӣ кардаанд. Пардаи путинӣ Владимир Путин аз нахустин рӯзи ба сари қудрат омаданаш, худро ҳамчун як чеҳраи нав дар сиёсати ҷаҳонӣ намоиш дод. Бо иқдомҳои ҷиддӣ ва босуботи хеш тавонист Русияро бори дигар аз нав барқарор карда, ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ нишон бидиҳад, ки чун вориси СССР "ҳаққи гап"- ро дар сиёсати бузург дорад. Нисбати муҳоҷирини корӣ низ чандин қонунҳои мухталиф қабул шуданд, ки ба андозае фаъолияти муҳоҷирини кории расмиву ғайрирасмиро маҳдуд кард. Қисмати аъзами муҳоҷирони кории тоҷик ғайрирасмӣ фаъолият доштанд. Ин буд, ки имрӯзҳо вожаи "депортатсия" (хонда шавад- бадарға) сари забони ҳама хурду бузурги тоҷик аст. Зеро ҳазорон- ҳазор муҳоҷири тоҷикро маҳз бо ҷурми надоштани аснод аз Русия "бадарға" карданд, ки ба солҳои раҳбарии Путин рост меояд. Инчунин, қонунҳои гирифтани шаҳрвандии Русия чанд бор иваз шуд. Маҳз дар замони Путин шаҳвардони хориҷиро аз майдафурӯши дар бозорҳо ва мағозаҳои ин кишвар манъ карданд ва имрӯз ҳар муҳоҷири хориҷие, ки мехоҳад ба тиҷорат бипардозад маҷбур аст ҳуҷҷатҳои худро ба номи яке аз шаҳрвандони ин кишвар сабт кунад. Яъне маҷбур аст, ба яке аз сокинони ин кишвар "доля" (ҳаққу ҳуқуқи молӣ) бидиҳад. Иҷозатнома ва супоридани имтиҳони забони русӣ ва боз чандин монеаҳо маҳз дар замони Путин, ё ба истилоҳи дигар "тими путинӣ" рӯи саҳна омаданд, ки мушкилоти муҳоҷиринро бештар кард. Путин-пешвои ҳаракати миллатгароёни рус? Ҳаракати нажодпарастони рус, ки баъди пошхӯрии Шуравӣ сар боло карда буд, маҳз дар замони сиёсати путинӣ бештар сар бардошта, доираҳои фаъолияти худро васеъ намуд. Ҳатто худи коршиносони Русия низ ба ин назаранд, ки Кремл аз "калак"-ҳо пуштибонӣ мекунад. Амонуллоҳи Қадам, ки 20 сол боз дар Маскав шаҳди муҳоҷират мечашад, мегӯяд, як хатчаи миллатгароӣ дар омадани Путин буд: "Агар ба ёд биёрем ҳангоми ҷанг алайҳи Чеченистон ибораи "мачить в сартире", ки навъе ҷанги эълоннашуда аз ҷониби ӯ алайҳи мусулмонони Қафқоз буд, ки ба миллатгароёни рус як илҳоми маънавиву идеологӣ бахшид ва онҳо он қадар нуфуз карданд, ки давлат то ҳадде қудрати идора кардани онҳоро аз даст дода, онҳо на танҳо сиёҳсару муҳоҷирин, ҳатто чандин адвокату журналисту дигар ходимони давлатӣ аз дасти онҳо кушта шуданд. Ба амсоли Маркелов, Чувашов" Аз Столипин то Елтсин ва инак Путин Путин аслан як ватандӯсти кишвари худаш аст. Ӯ ҳаргиз миллатгаро нест. Танҳо мехоҳад, ки роҳбари як миллати боиззат ва як кишвари пешрафта бошад. Ҳадафаш ба по кардани як Русияи муқтадир ва тавоно аст, ки иззат ва азамати миллаташро таъмин карда тавонад ва ин айбе надорад, мегӯяд Раҳматкарими Давлат, коршиноси масоили сиёсӣ. Имтиҳон барои "кашталкандаҳо" Ҷаноби Путин пешниҳод кардааст, ки ҳар муҳоҷир бояд аз адабиёту таърихи Русия имтиҳон бисупорад. Ростӣ дар аввал каме хандаовар низ менамояд, ки барои як аробакаш ва кӯчарӯбу сохтмончӣ донистани таърих рус чӣ зарурат дорад? Русия аз дидгоҳи ҳуқуқӣ ҳақ дорад, ки аз муҳоҷирини корӣ талаб кунад, ки забони ин кишварро биомӯзанд ва аз тарафе ба манфиати ҳар ду ҷониб ҳам ҳаст. "Албатта донистани таърих ва забон ба сурати ҳатмӣ шарт нест. Аммо онҳо чизе талаб доранд ин аст, ки ба таъриху фарҳангашон эҳтиром гузошта мешавад. Ин як навъ водор кардани муҳоҷирон ба фаросат ва инсоф аст. Ман хурсанд мешавам, ки русҳо муҳоҷирони кашталкандаи моро водор кунанд, ки Достоевский, Чехов ё Тургеневро бихонанд ва бифаҳманд, ҳатто агар нафаҳманд ҳам агар бихонанд, давлати калон аст. Чӣ бадӣ дорад?",- гуфт ҷаноби Р. Давлат. Роҳи нави фасод ва ё дарвозаи бахти путинӣ Дар кишварҳои аврупоӣ барои муҳоҷирини корӣ курсҳои махсуси омӯзишӣ ташкил мекунанд, то муҳоҷирин ба забону маданияти ин кишварҳо ошно шуда битавонанд ва озодана фаъолият кунанд. Бинобарин ҷониби Русия низ ин иқдомро пеш бигирад омӯхтани забон ва таърихи ин кишвар барои корҷуён аз фоида холӣ нахоҳад буд. Ба хусус барои корҷӯёни тоҷик. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои ахир ба Русия муҳоҷирони мо дигар мавсимӣ не, балки барои иқомати чансола ва будубоши доимӣ сафар мекунанд ва омӯхтани урфу одатҳои кишвари кордеҳ барои зудтар ворид шудан ба ҷомеъаи онҳо кӯмак мекунад. Аммо агар супоридани имтиҳон мисле ҳамон супоридани имтиҳони соли гузашта бошад, ки аз ҳар як муҳоҷир пеш аз имтиҳон 2500 рубли русӣ пардохт мекарданд вой бар ҳоли муҳоҷирин. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Русия мехоҳад бо ин роҳ ҷайби буҷаи хешро ғанӣ гардонад. Аз дигар ҷониб ин боз барои миёнравҳо ва бархе аз мақомотҳои марбута "дарвоза"-и нави фасодро боз хоҳад кард. Зеро на ҳама муҳоҷири тоҷик метавонад, ки рафта имтиҳон супорад, пас маҷбур аст бо қиммати якчанд маротиба боло онро "харидорӣ" кунад. Банда ки солҳо дар он кишвар будаам ва ба хубӣ медонам, ки бештари муҳоҷирини кори мо тавассути ин ё он корманди масъулин ва ё миёнаравҳои онҳо рухсатномаи кор ва ё варақаи ба қайдгирии муваққатиро аз будаш боло бигиранд. Таври мисол, ба қайдгирии муваққатӣ, ки дар маҷмӯъ 500 рубл буд, бо нархи 3000 рубл асли он ва аз 1000 то 1500 ҷаълии он фурӯхта мешуд. Луқмаи қабл аз интихоботии Путин Аҳли назар ҳамаи инро танҳо холгирии пешазинтихоботӣ баҳодиҳӣ карда мегӯянд, ки имрӯзҳо яке аз роҳҳои ба даст овардани "дил"-и сокинони русзабони Русия маҳз ба бозӣ даровардани қартаи муҳоҷират аст. Аксар шаҳрвандони рус ҳама нокомиҳои худро дар муҳоҷирин мебинанд ва гумон доранд, ки бо рафтани онҳо ҳама беҳ хоҳад шуд. Мавзӯъи муҳоҷират мавзӯи саризабонии тамоми ақшори ҷомеъаи Русия гашта, ҳамарӯза дар расонаву кӯчаву бозор ҳатман сари ин баҳсҳо сурат мегирад. Сабабгори асосии он тарғиботу ташфиқоти якҷонибаи расонаҳои ин кишвар ва як қатор сиёсатмадорони онанд, ки муҳоҷиринро дар назари онҳо сиёҳ нишон медиҳанд. Арғунҷоли камбағал дар ҳеч куҷо баҳра намегирад Аксари таҳлилгарон ба ин назаранд, ки Путин сад дар сад боз ба сари қудрат хоҳад омад. Бо вуҷуди он, баъзе гумонҳои дигар низ ҳастанд, ки шояд тамоми мухолифини Путин дар якҷоягӣ битавонанд мақому манзалати ӯро танг кунанд, агар ки курсии президентиро ҳам нагиранд. Кам боваркарданист, ки нерӯҳои мухолифи ин кишвар дар сурати ҳамгиройӣ ҳам ба ҳадаф бирасанд, ҳадди аққал дар 4 соли наздик. Аъзамшоҳ Қуқаншоҳ |


Владимир Путин, сарвазири Русия ва ҳамзамон номзади асосии раисҷумҳури ин кишвар, дар нашрияи "Независимая газета" мақолае зери унвони "Россия: национальный вопрос" (Русия: масоили миллӣ) таъкид кардааст, ки наҳваи иҷрои қонун нисбати муҳоҷирон шадидтар шавад. Ӯ гуфтааст, ки Русия набояд "кишвари миллии русӣ" бошад, аммо ишора кардааст, ки сокинони Русияро баъзе масоили марбут ба муҳоҷирати омавии дохилӣ безобитаву ноором мекунад. Оқои ВВП пешниҳод кардааст, ки барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират ва ба қайдгирӣ, муҳоҷирин бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.
