Илон Маск 60 моҳвораи интернети ройгон ба кайҳон фиристод

Хабари хуб 24.05.2019 18:21

Субҳи имрӯз, 24 май ширкати Илон Маск - SpaceX бахши нахусти моҳвораҳои худро барои таъсиси интернети моҳвораӣ ба мадори Замин партоб кард. Бо расидан ба хатти парвози доимии худ 60 моҳвораи хурд бо шабакаи интернет пайваст шудаанд.

 Сафина барои ба мадор баровардани моҳвораҳои Илон Маск аз космодроми гулугоҳи Канаверал дар Флоридаи Иёлоти Мутаҳида партоб шуданд. Дар назар буд партоби моҳвораҳо рӯзи 16 май сурат бигирад, аммо бо далели бад будани вазъи ҳаво ва тафтиши ниҳоии таҷҳизот он ба таъхир афтод.

Оғози кори ин моҳвораҳо бахши аввали тарҳи Starlink аст, ки аз соли 2015 ба ин сӯ таҳия шуда, ҳадафи он таъмини аҳолии сайёра бо интернети босуръат ва ройгон аст. Ду моҳвораи озмоишии ин тарҳ ҳанӯз моҳи феврали соли 2018 ба мадори Замин партоб шуданд.

Илон Маск гуфтааст, ният дорад то чанд соли оянда шумораи онҳоро ба чанд ҳазор адад бирасонад. Харҷи умумии тарҳ 10 миллиард доллар ҳисоб шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97