“Каритас”-и Олмон барои рушди кори иҷтимоӣ дар Бадахшон камар баст

Хабари хуб 23.05.2019 14:42

Бахши Ассотсиатсияи Каритаси Олмон дар Тоҷикистон (КАРИТАС) тарҳи «Рушди кори иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»-ро, ки 7 ҷамоат (Поршинев, М. Ширинҷонов, Сучон, Навобод, Ғ, Шабозов, Вер ва Ванқалъа)-и ноҳияи Шуғнонро фаро мегирад, оғоз кардааст.

Дар маросими рӯнамоӣ аз ин тарҳ Умеда Мунавварова, ҳамоҳангсози тарҳи мазкур аз суи созмони КАРИТАС, Саидарабзода Гулғунча,муовини раиси ноҳияи Шуғнон ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

Зимни муаррифии ин тарҳ, Гулғунча Саидарабзода дар бораи вазъи кунунии иҷтимоӣ дар ноҳияи Шуғнон маълумоти мухтасар дода, таъкид дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ татбиқи бомуваффақияти ин тарҳро дастгирӣ хоҳад кард.

Умеда Мунавварова, зимни суханронии худ дар ин ҳамоиш гуфт: «Ҳадафи лоиҳа мустаҳкам намудани иқтидори ҷомеа дар соҳаи кори иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сифати хидматрасониҳои иҷтимоӣ барои оилаҳои серфарзанди ноҳияи Шуғнон, ки мушкилоти зиндагӣ бори дӯшашон афтодааст, мебошад. Ӯ афзуда, ки барои амалӣ сохтани ин тарҳ ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва инчунин баланд бардоштани лаёқати касбии кормандони иҷтимоӣ зарур аст. Ин манбаъ ҳамчунин таъкид бар он дошта, ки бояд ҳамаи ширкаткунандагони ин ҳамоиш барои ҳамкории дуҷониба ва фаъолияти муштарак ҷиҳати беҳтар кардани равиши иҷтимоӣ барои оилаҳои осебпазир омода бошанд.

Мушкилоти иҷтимоӣ, ба мисли шароитҳои номусоиди зиндагӣ, бекорӣ, низоъ дар миёни аъзои оила, норасоии ғизо ва сатҳи пасти  донишу малака оид ба таълиму тарбияти кӯдакон асосан дар байни оилаҳои камбизоати серфарзанд мушоҳида мегардад. Ин мушкилоти мавҷуд ба ҳолати равонии хонаводаҳо, бахусус кӯдакон ва модарон таъсири манфӣ мерасонад.

Тибқи омори мавҷуд, нишондиҳандаҳои баландтарини оилаҳои камбизоат, алалхусус  оилаҳои серфарзанде, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд (1532) ва инчунин кӯдакони дорои маъюбият (211) дар ноҳияи Шуғнон ба қайд гирифта шудаанд.   

Ба гуфтаи Ҷамолидин Худодов, раиси ташкилоти ҷамъиятии вилоятии «Эҳё», ки иҷрокунандаи калидӣ дар ин тарҳ мебошад, ин тарҳ дар баробари аксар фаъолиятҳои дигар, хидматрасонии ҳамроҳии иҷтимоии инфиродиро ба 35 оилаи камбизоати серфарзанде, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд (5 оила аз ҳар як ҷамоат), бо истифодаи равиши кейс-менеҷмент (идоракунии ҳолатҳо) пешниҳод менамояд.

Аз соли 2010 ба ин су, КАРИТАС тарҳҳоеро дар ВМКБ ҷиҳати беҳтар намудани шароити зиндагии оилаҳои осебпазир, аз ҷумла шахсон ва кӯдакони дорои маъюбият амалӣ месозад. Ҳамин гуна тарҳҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Хирад» татбиқ шудааст. Ҳамчунин, соле, ки гузашт, КАРИТАС бо Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо мақсади ба касб табдил додани кори иҷтимоӣ дар минтақа оғоз ба кор кардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97