Изҳороти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабар 20.05.2019 06:55

Маркази матбуоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соати новақти шаби гузашта дар сомонаи расмии ин вазоратхона дар бораи сар задани ошӯби зиндониён дар яке аз зиндонҳои кишвар хабар нашр кардааст.

Бино ба навиштаи ин сомона: “19-уми майи соли 2019, соати 20:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ, 30 нафар маҳбуси хатарнок, ки бо ҷурми алоқамандӣ бо ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» дар муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, адои ҷазо менамоянд, бо корд ва дигар ашёи тезу бурранда мусаллаҳ гардида, 3 нафар нозирони муассисаро гаравгон гирифта, ба қатл расониданд ва мехостанд фирор намоянд.

Ба иттилои ин манбаъ, зиндониёни ошӯбгар шарт гузоштаанд, ки аз маҳбас озод карда шаванд. Дар ин бора манбаъ навиштааст:“Дар рафти гуфтушунид, байни худи ҷинояткорон муноқиша ва задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.”

Маркази матбуоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон афзудааст: “Маҳбусони ошӯбгар ба даъвати нозирони муассисаи ислоҳӣ оид ба қатъ намудани бетартибӣ итоат накарданд. Онҳо бо корду ашёи тези доштаашон ба кормандони муассиса ҳуҷум намуда, боз чанд нафари онҳоро захмдор карданд. Аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ чорахои қатъӣ дида шуд ва ҳангоми ба низом даровардани реҷаи интизоми дохилӣ, дар байни маҳбусони хатарнок талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст.”

Ин манбаъ айни замон вазъият дар муассисаи мазкурро муътадил арзёбӣ карда, таъкид кардааст, ки муассисаи мазкур таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.

Гуфта мешавад, аз суи мақомоти тафтишотӣ таҳқиқи қазия идома  дорад ва ваъда шудааст, ки аз натичаи он хабар дода хоҳад шуд.

 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97