Фаромадани тарма дар деҳаи Лайрони Сангвор

Хабари хуб 29.03.2019 14:49

Бар асари фаромадани тарма дар ноҳияи Сангвор 6 хонавода зиён ва ҳудуди сад чорпои хонагӣ нобуд шудаанд.

Бино ба иттилои радиои “Озодӣ” сокинони деҳаи Дараи Лайрони ноҳияи Сангвор рӯзи 28-уми март гуфтаанд, ки шаби гузашта тарма аз болои деҳа ба поён ҳаракат карда, роҳу хати барқро тахриб кард ва ба боғҳову чорпои онҳо зиён расонд.

Алӣ Сафаров, як сокини деҳаи Дараи Лайрон рӯзи 28-уми март гуфтааст, ки иншооти ёрирасони манзили зисти ӯ тахриб шуда ва 17 сар чорпои калони шохдораш зери тарма мондаанд. Ҳамчунин боғу роғ ва сандуқҳои замбӯри асали сокинон низ аз тарма осеб дидаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз вуқӯи бештари ҳодисаҳои тармафароӣ ва обхезӣ дар минтақаҳо ҳушдор медиҳад.

Умеда Юсуфова, сухангӯи ин ниҳод гуфта, ки тармафароӣ ва сел сабт шуда, аммо бар асари офатҳои табии талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ӯ мегӯяд: "Бинобар номусоид омадани боду ҳаво эҳтимоли сар задани дигар офатҳои табии пешгӯи мешавад. Мо дар минтақаҳои хавфнок бо мардум кор мекунем, то ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ худу амволи худро ҳифз кунанд".

Сокинони ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг дар ҷануби Тоҷикистон низ аз омадани сел хабар додаанд. Бар асари сел дар ин минтақа, пули миёни деҳаҳои Даштирубоб ва Сияҳфарк хароб шуда, рафту омади сокинони деҳот ба маркази ноҳия мушкил шудааст. Сел ба корхонаи коркарди тилои "Гули Мурод" низ дар Ховалинг осеб расонидааст.

Тибқи омори расмӣ солона ҳаводиси табиъӣ аз қабили, омадани сел ва обхезӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 15 миллион доллар зарар мерасонид.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97