"Карнавал"-и наврӯзӣ дар Душанбе

Хабари хуб 21.03.2019 18:43

Корвони наврӯзӣ, ё “Карнавал” бо ширкати беш аз 20 ҳазор нафар барои бори аввал дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.

 “Корвони наврӯзӣ” дар маркази Душанбе,  назди муҷтамаъи Исмоили Сомонӣ намоиш барпо кард.

Дар ин намоиш, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла, донишҷӯёну донишомӯзон, кишоварзон ва дигар намояндагони соҳаҳои гуногуни пойтахт ширкат варзиданд.

Ин намоиш бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва мақомоти баландпояи ҳукуматӣ, шаҳрдори Душанбе ва чанде аз сокинон ва меҳмонони пойтахт доир шуд.

Раиси ҷумҳури кишвар зимни табрикоти Наврӯз гуфт, баргузории "Корвони "наврӯзӣ"аз суннатҳои ин ҷашн аст ва он ойинҳои қадимаро бо қабои идона ва ба шеваҳои нав таҷассум мекунад.

Ҳамзамон бо намоиши асосӣ дар қалби Душанбе, дар гӯшаҳои атрофи пойтахт низ иди Наврӯз таҷлил шуд.  Аммо аксарияти сокинон мехостанд, аз намоиши “Корвони наврӯзӣ”, ки моҳҳо боз тамрин мешуд ва дарди сарҳоеро, аз қабили роҳбандӣ барои сокинони пойтахт эҷод мекард, дидан кунанд.

Шогуна Собир, як сокини пойтахт, ки милисаҳо монеи рафтани ӯ ва хеле аз сокинони иштиёқманд ба макони баргузории “Карнавал” шудаанд, бо изҳори норизоияти дар сафҳаи фейсбукаш навишт: “Агар сокинон барои рафтан ба ин базмгоҳ ҳақ надоранд, пас ин ҳама тараддуд ва раҳпаймоиҳо барои кӣ барпо мешаванд?”

Аммо тамоми шабакаҳои телевизионии кишвар мустақиман ин намоишро нашр карданд. Ва аксарият бо назардошти тангии майдони баргузории намоиш тарҷеҳ додаанд, то аз тариқи телевизион онро тамошо кунанд.

Буҷаи ташкили ҷашни Наврӯзӣ дар соли 2019 ҳанӯз эълон нашудааст. 

Таҷлили Наврӯз идома дорад, фардо 22 март дар "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт намоишномаи ҷашнӣ баргузор мегардад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97