Сафири тозатаъини Амрико се самти асосии фаъолияти худ дар Тоҷикистонро баён кард

Хабари хуб 18.03.2019 15:15

Ҷон Марк Поммершайм фиристодаи нави Амрико дар Душанбе гуфт: ман омадаам то дар се самт дар Тоҷикистон фаъолият кунем:

1. Мустаҳкам сохтани Истиқлол ва амнияти марзҳои Тоҷикистон.

2. Амрико барои афзоиши равобити иқтисодии минтақа кор хоҳад кард.

3. Бо ҳукумат ва ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар пешбурди ниҳодҳои идоракунии давлатӣ самаранок ҳамкорӣ хоҳем кард.

Вай дар идома бо баёни ин ки мо дар таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба кумакҳоямон идома хоҳем дод, гуфт: зеро Амрико барои мустаҳкамии истиқлоли Тоҷикистон алоқаманд аст ва ман омадаам то барномаҳои кумак барои мустаҳкамии марзи Тоҷикистонро мудирият кунам.

Сафири Амрико ҳамчунин дар робита ба таниши ахири марзӣ гуфт: ҳодисаҳои марз дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро наззора дорем, ва ҳамчунон медонем, ки раисони ҷумҳури ҳар ду кишвар дар ин маврид гуфтугӯ кардаанд, умедворем, низоъ бартараф хоҳад шуд.

Марк Ҷон Поммершайм дар фарҷом бо дахл кардан ба мавзуъи рӯзноманигорони Тоҷикистон изҳор дошт, ки ман кори хабарнигориро таҷриба кардаам ва хуб медонам фаъолияти пурмашақатест!

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97