Маросими бузургдошти Наврӯз дар СММ баргузор шуд

Хабари хуб 15.03.2019 10:44

Маросими бузургдошти Наврӯзи имсол аз сӯи 12 кишвар: Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон, Ҳинд, Покистон, Ироқ ва Туркия дар маҳалли Созмони Миллали Муттаҳид дар Вена ва бо ҳузури раисон ва намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ва сафирон ва депломатҳои муқим баргузор шуд.

Дар ин маросим Козим Ғарибободӣ сафир ва намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байнамиллалӣ дар Вена аз сӯи кишварҳои баргузоркунандаи ин маросим,Юри Федотов  мудири кулли Дафтари Созмони Миллал дар Вена ва намояндаи Вазорати умури хориҷаи Австрия дар ин маросим суханронӣ ва  бар аҳаммияти Наврӯз ба унвони як руйдоди фарҳангии муштарак барои як қатор кишварҳо ва миллатҳо, ки намоди пойдорӣ ва сулҳ аст, таъкид карданд.

Маҷмаъи умумии Созмони Миллал дар 23 феврали соли 2010 тайи як қатъномае 21 март(аввали баҳор)-ро ба унвони рӯзи байналмиллалии Наврӯз тасвиб кард.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97