ФИФА: баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар бо ширкати 48 тим имконпазир аст

Хабари хуб 14.03.2019 11:08

Натоиҷи баррасиҳои Федератсияи ҷаҳонии футбол ё ба иборати дигар ФИФА нишон додааст, ки афзоиши кишварҳои ҳозир дар Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар Қатар имконпазир аст ва баргузори ин мусобиқотро дучор мушкил нахоҳад кард.  

Ин гузориш ҳанӯз ба сурати расмӣ мунташир нашудааст, аммо бархе аз хабаргузориҳои байналмиллалӣ бахшҳое аз онро ба нақл аз манобеъи мувассақ нашр кардаанд.  

 Ба ақида коршиносони ФИФА, дар сурате, ки як кишвари дигари минтақа ба Қатар кӯмак кунад ва мизбони теъдоде аз бозиҳо бошад, мушкиле барои баргузории Ҷоми ҷаҳонии 2022 бо 48 тим вуҷуд нахоҳад дошт.

ФИФА гуфтааст, ки бо баргузори Ҷоми ҷаҳонии 2022 бо иштироки 48 тим кам ва беш400 миллион доллар дар даромади ин ҷом афзуда хоҳад шуд.  

Ин гузориши 83 сафҳаӣ аз Баҳрайн, Кувайт, Арабистони саъудӣ, Аморот муттаҳидаи арабӣ ва Уммон ба унвони гузинаҳои кумакии воҷиди шароити мизбони муштаракиҶоми ҷаҳонии 2022 ном бурдааст, аммо дар гузориш таъкид шудааст, ки Қатар бояд бо ин мавзӯъ тавофуқ дошта бошад.  

Бо таваҷҷуҳ ба ихтилофоти сиёсии Қатар бо бархе аз кишварҳои супоришшуда аз сӯи ФИФА, ба вижа Арабистони саъудӣ ва Амороти муттаҳидаи арабӣ, ба назар мерасад, ки Уммон ва Кувайт шонси бештаре барои кӯмак ба ин кишвар дошта бошанд.  

 Қарор аст Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) дар иҷлоси оянда худ дар моҳ июл дарбораи ин тарҳ раъйгирӣбаргузор кунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97