Боздошти қотилони кӯдаки 6 сола дар Кобул

Хабари хуб 13.03.2019 15:16

Як кӯдаки шашсола ба номи Маҳсо пас аз он ки хонаводааш наметавонад пули мавриди назари одамрабоёнро пардохт кунад, одамрабоён вайро ба қатл мерасонанд.

Акнун пулис ду тан аз одамрабоёнро боздошт кардааст.

Маҳсо аз минтақаи 315-и Кобул рабуда шуда буд.

Кокоҷон аз торикӣ метарсам;

Кокоҷон хунук мехӯрам;

Кокоҷон маро пеши падару модарам бубаред, ҷумалоте, ки дигар аз забони маъсум ва кӯдаконаи вай берун нахоҳад шуд.

Ӯ Маҳсо ном дошт, ӯ дилбанди модаре буд ва арусаки падаре ва шоҳдухти бародаре.

Маҳсо ду рӯз пеш аз суи чанд тан аз одамрабоён ва сангдилон аз минтақаи 315-и Кобул рабурда шуда ва баъд аз ду рӯз ба қатл мерасад ва ҷасади вайро бераҳмона ба зери трубаи обгузаре андохта ва фирор менамоянд, ки баъд аз муддате ин рабояндагон ба панҷаи қонун супурда мешаванд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97