Сафири тозатаъини Эрон вориди Душанбе шуд

Хабари хуб 13.03.2019 12:52

Бино ба гузориши расонаҳо, Муҳаммадтақӣ Собирӣ сафири ҷадиди ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон субҳи имрӯз аз тариқи хатсайри Истанбул вориди шаҳри Душанбе шуд.

Қарор аст фардо Собирӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон мулоқот ва эътимодномаи худро ба ӯ супорад.

Собирӣ рузи ҷумъаи ин ҳафта тайи маросими расмӣ ва дидор бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон эътимодномаи худро тақдим ва ба унвони сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе ба таври расмӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кард.

Вай қабл аз ин дар вазифаҳои мудири кулли дафтари барномарезӣ ва таъмини манобеъи созмони навсозӣ, тавсеъа ва таҷҳизи мадориси кишвар, мудири кулли ташкилот ва будҷа ва муъованати умури идорӣ ва молии вазорати умури хориҷаи Эрон фаъолият кардааст.

Собирӣ дар ин мақом Ҳуҷатуллоҳ Фағониро иваз намуд.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97