Бозиҳои хатарноки интернет кӯдакон ва навҷавононро ба худкушӣ мебарад

Хабари хуб 12.03.2019 11:17

Постҳои шабакаҳои иҷтимоъӣ дар мавриди бозиҳои компютерӣ, ки корбарон, ба вижа кӯдакон ва навҷавононро ба худкушӣ тарғиб мекунад, моҳҳо пеш аз он ки шиносойи шаванд дар фазои онлойнӣ мавҷуд мебошанд.  

 Таҳқиқкунандагон пас аз панҷ соли таҳқиқ -2013 то 2017- дар мавриди яке аз ин бозиҳои хатарнок ба номи "чолиши наҳанги оби" гуфтанд, ки огоҳӣ дар мавриди ин бозие, ки шуморе аз корбарони он худкушӣ кардаанд, моҳҳо пеш дар интернет вуҷуд дошт.  

 Бар асоси ёфтаҳои таҳқиқи ҷадид, замоне, ки нахустин гузориши хабарӣ дар Амрико  дар мавриди бозии наҳанги обӣ нашр шуд, аз бисёрии ин бозии хатарнок дар постҳои шабакаҳои иҷтимоъӣ ба забонҳои мухталиф байн чаҳор то нуҳ моҳ мегузашт.  

Акнун ки бозии дигари кампютерӣ ба номи "озмуни Муму" дар фазои маҷозӣ ба вижа YouTube сару садои фаровон эҷод кардааст, таҳқиқкунандагон, модарон ва падаронро тарғиб мекунанд аз он чи дар зиндагии диҷитолӣ ё ба ибораи дигар саргармии фарзандоншон дар фазои онлоинӣ мегузарад, огоҳии комил дошта бошанд.  

 Доктар Стифан Самар аз маркази пешгирӣ ва контроли амрози Амрико ба хабаргузории Рейтерз гуфтааст, ки падарон ва модарон бояд бо фарзандоншон дар мавриди он чи онон дар фазои онлойнӣ мебинанд, баҳси озодона дошта бошанд. Ба гуфтаи доктар Самар, робитаи қавӣ миёни волидайн ва фарзандон метавонад аз паёмадҳои ногувори саргармӣ бо бозиҳои хатарноки компютерӣ ба шумули худкушӣ ҷилавгирӣ кунад.  

 Дар пажӯҳиши ҷадид, донишмандон наздик ба 96 ҳазор пости шабакаҳои иҷтимоъӣ ва мақолаҳои хабариро дар мавриди "озмуни наҳанги оби" ҷамъоварӣ карданд, ки 28 дарсади ин постҳо ё мақолаҳо дар 127 кишвари ҷаҳон, ин бозии хатарнокро тарвиҷ карда ё аз он ҳимоят мекарданд.  

 Бозиҳои ёд шуда ба шаклҳои мухталиф кӯдакон ва навҷавононро ибтидо ба анҷоми як силсила корҳои содда тарғиб карда ва рафта рафта ба онон суфориш мекунад то ба худ осеб расонда ва ҳатто худро бикушанд, ки ирсол тасовир тарснок ё таҳдид бахше аз он мебошад.  

 Дар чунин вазъияте, мутахассисон бештар бар падарон ва модарон таъкид мекунанд то афзун бар назорати дақиқ аз мӯҳтавое, ки фарзандоншон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ва дар кулл фазои онлойнӣ бо он сару кор доранд, рафтор ва амалкардҳои хатарноки азизоншонро зер назар дошта бошанд.  

 Докторон суфориш мекунанд, ки волидайн бояд бо фарзандоншон сӯҳбат кунанд, ки дар сурат рӯ ба рӯ шудан бо бозиҳои хатарнок, ки ононро ба худкушӣ ташвиқ мекунанд, чи иқдоме кунанд.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97