Дар арафаи ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот роҳандозӣ мешавад

Хабари хуб 12.03.2019 08:59

Аз 16  то 20  марти  соли ҷорӣ дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор мегарданд. Ин ярмаркаҳо  дар асоси қарори Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи  ҷашни байналмилалии Наврӯз  ташкил карда мешаванд.

Тавре  аз  Раёсати  иттило]от  ва  робитаҳои  хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба «Ховар»  хабар доданд, ярмаркаҳои мазкур  дар бозори"Меҳргон"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ,   буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмориӣ), майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино,  майдончаи назди бозори "Саховат"-и ноҳияи Фирдавсӣ ва   майдончаи назди бозори"Деҳқон"-и ноҳияи  Сино   ташкил гардида,   дар онҳо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба сокинону меҳмонони шаҳр бо нархҳои дастрас пешниҳод мешаванд.

Ҳамчунин дар ярмаркаҳо аз ҷониби Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Агентии захираҳои моддии давлатӣ маҳсулоти мавриди ниёзи аввал пешкаш карда мешаванд.

Рустами Эмомалӣ  ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додааст, ки   дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳр бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани  ин ярмаркаҳо, ҷойгир кардани ғуфра ва растаҳои  савдо, ки ба талаботи муъосир ҷавобгӯ буда, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро  ба ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал даъват менамояд.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97