Сафири ҷадиди Амрико вориди Душанбе шуд

Хабари хуб 11.03.2019 13:21

Бино ба иттилоъи сайти расмии сафорати Амрико дар Душанбе, сафири ба тозагӣ мансубшудаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм имрӯз вориди Душанбе шуд.

Поммершайм дар торихи 22-юми феврали соли ҷорӣ дар Вашингтон савганд ёд кард. Номзадии дипломати собиқадор ба мақоми сафири Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми сентябри соли гузашта пешниҳод гардида буд ва рӯзи 7-уми январи соли ҷорӣ тасдиқ гардид.

Марк Поммершайм аз соли 2015 то соли 2018 муъовини сафири Амрико дар Қазоқистон буд. Аз ин пештар дар Вазорати умури хориҷии Амрико ба ҳайси як дипломати баландпоя дар умури Қафқоз ва АвруОсиё кор кардааст.

 Ӯ собиқаи хабарнигорӣ ҳам дорад ва дар дафтари телевизиони CNN дар Русия кор кардааст. Соҳиби зан ва се фарзанд аст.

Марк Поммершайм ҷойгузини хонум Элизабет Миллард шуд, ки ӯ баъди анҷоми масъулияташ соли 2018 Тоҷикистонро тарк кард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97