Ҳамлаи гургҳо дар ноҳияи Шуғнон ба ҳалокати модару духтар анҷомид

Хабари хуб 07.03.2019 16:00

Гузориш мешавад, ки субҳи имрӯз дар пайи ҳамлаи гургҳо  дар рустои Мденшори ҷамоъати Поршневи ноҳияи Шуғнони ВАБК як модар ҳамроҳ бо духтараш ба ҳалокат расиданд.

Аз ин ду фарди ба ҳалокатрасида Амалбегим Ташрифбековаи 83-сола ва духтараш Мастибегим Давандоваи 55-сола ном бурда мешавад.

Умеда Юсуфова сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфтааст: “ҳодиса замоне рух додааст, ки модару духтар барои зарурат субҳи барвақт ба рӯи ҳавлӣ баромада буданд”.

Масъулони ҷамоати Поршнев ҳам гуфтанд, гургҳо дар ин ҳамла шиками модару духтарро даридаанд.

Наздикони модару духтари ҳалокшуда мегӯянд, дар чанд соли ахир ин бора аввал аст, ки гургҳо ба сокинони маҳаллии ин деҳа ҳамла мекунанд. Парвина, як ҳамсояи Амалбегим Ташрифбекова бо баёни ин ки гургҳо аз гулӯи модар дошта, ӯро дар ҳамон ҷо куштаанд, мегӯяд: "духтарро гургҳо хеле ҷойи дуртар қариб наздикии теппа бурда, ҳама ҷояшро канданд. Хонаи онҳо дар миёни қишлоқ аст. Ҳама ҳамсояҳо бо ҳам девор ба девор ҳастанд, лекин намедонам, ки чи хел одамон зуд хабардор нашуданд".

Ба гуфтаи Парвина,гургҳо баъд аз боридани барфи шадид ба деҳа фаромаданд. Хатари омадани гургҳо ба гуфтаи ӯ ҳамоно вуҷуд дорад, чун барф дар деҳаи Мденшор ҳамоно то зону аст.

 Ин дар ҳолест, ки қаблан низ ҳамлаҳои маргбор ба пиразану кӯдакҳо дар ВМКБ рух медоданд.

Аз ҷумла соли 2017 дар деҳаи Имом-даргоҳ, яке аз рустоҳои ноҳияи Шуғнон бар асари ҳамлаи гургон кӯдаки 2-сола ба ҳалокат расида буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97