Низомиёни покистонӣ ва ҳиндӣ аз нав ба якдигар ҳамларо оғоз карданд

Хабари хуб 07.03.2019 11:01

Сарбозони покистонӣ ва ҳиндӣ рӯзи гузашта (6 март) як бори дигар дар ҳудуди марзи ду кишвар дар Кашмир бо ҳам даргир шуда ва бар пойгоҳҳои ҳамдигар ракета партоб карданд.

Мавҷи тозаи даргирӣ миёни низомиёни ду кишвар ҳамзамон бо талошҳои депламатиии ду ҳамсояи рақиб барои коҳиши таниши мавҷуд сурат гирифтааст.

Низомиёни ҳар ду кишвар ҳамдигарро ба оғози ҳамла муттаҳам мекунанд, ҳарчанд талафоте ношӣ аз даргирии ахир гузориш нашудааст.

Пас аз ҳамлаи маргталабонаи 14 феврал дар Кашмири Ҳинд, ки боъис ба кушта шудани беш аз 40 низомии ҳиндӣ шуд, гурӯҳи “Ҷайши Муҳаммад” мустақарр дар Покистон масъулияти онро ба ухда гирифт, нерӯҳои Ҳинд як пойгоҳи ин гурӯҳро дар хоки Покистон бомбборон кард.

Ҳамчунин низомиёни покистонӣ ду таёраи ҷангии Ҳиндро суқут доданд ва як пилоти ҳиндиро асир гирифтанд. Ҳукумати Покистон андаке баъд пилоти ҳиндиро ба унвони иқдоми ҳусни ният барои сулҳ ба Ҳинд бозгардонд.

Аксари кашмириҳо аз иқдоми шӯришиёни зидди ҳиндӣ ҳимоят мекунанд, ки ё Кашмир зери идораи Покистон бошад ва ё ҳам кишвари мустақил бошад. Ҷудойиталабии гурӯҳҳои зидди ҳиндӣ дар Кашмир аз соли 1989 то кунун беш аз 70 ҳазор кушта бар ҷо гузоштааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97