Иттифоқи нависандагон мизи гирд перомуни “Адабиёти бачагон”-ро баргузор мекунад

Хабари хуб 06.03.2019 15:13

Маркази матбуъотии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз баргузории як мизи гирд перомуни адабиёти бачагон дар шаҳри Душанберо хабар дод.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо ширкати адибон, олимон, ноширон, мутахассисони соҳаи маъориф ва табъу нашр дар мавзӯъи «Вазъи имрӯзаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ва дурнамои рушди он» мизи мудаввар баргузор кунад.

Баргузории ин нишаст дар торихи 12 марти соли ҷорӣ дар соати 14:00 дар толори Иттифоқи нависандагон барномарезӣ шудааст.

Иттифоқи нависандагон ҳамчунин аз ҳаводорони адабиёти бачагон хоҳиш кардааст, ки андешаҳои худро перомуни ин мавзуъ изҳор дошта ва дар мизи гирд ширкат варзанд.

Ин дар ҳоле аст, тайи солҳои ахир пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ адабиёти бачагон дар Тоҷикистон ба такмил эҳтиёҷ дорад. Маводи зарурӣ дар ин мавзуъ барои омӯзиши бачагон ҳанӯз нокифоя аст ва бошад ҳам дархури завқу табъи бачагон нестанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97