Ёдгор Файзов раиси вилояти Бадахшон интихоб гардид

Хабари хуб 05.03.2019 09:02

Ёдгор Файзов, ки то кунун иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти худмухтори Бадахшон маҳсуб мешуд, раиси вилоят интихоб карда шуд.

Бар асоси суханони Ғолиб Ниятбеков сухангӯи мақомоти иҷроияи ВМКБ, намояндагони халқи вилоят аз пешниҳоди раиси ҷумҳур барои ба мақоми раиси ВМКБ таъин намудани Ёдгор Файзов ҷонибдорӣ карданд.

Ниятбеков дар идома афзуд: номзадии Файзов Ёдгор Доёрович ба хайси раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон аз тарафи вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар асосии фармони Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури муҳтарами Точикистон аз 25 феврали соли 2019 тахти раками 1215 <Дар бораи ба вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон таъин намудани Файзов Ёдгор Доёрович> якдилона тасдик гардид.

Қаблан Файзов  аз ҳавзаи интихоботии Аличур №60 бо ҷонибдории 98 дарсади овоздиҳандагон вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон интихоб шуда буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97