535 зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Қирғизистонро пазируфтанд

Хабари хуб 04.03.2019 08:28

Раиси ҷумҳури Қирғизистон фармони қабули шаҳрвандии ин кишвар барои 884 нафар аз шаҳрвандони дигар ҷумҳуриҳоро ба имзо расонд, ки 535 нафар аз онон зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Гуфта мешавад, ки аксари ин афрод қирғизтаборҳои сокини ноҳияҳои Лахш, Мурғоб ва Исфара ҳастанд, ки ба тобеъияти кишвари ҳамсоя даромадаанд.

Ин афрод чанд соле аст, ки аз Тоҷикистон ба Қирғизистон рафта ва акнун муваффақ ба касби шаҳрвандии ин кишвар шудаанд. Теъдоде аз ин афрод гуфтаанд, ки шароити кору зиндагӣ ва ба вижа фаъолиятҳои бахши хусусӣ дар Қирғизистон дар муқоиса бо Тоҷикистон беҳтар аст.

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Кумитаи давлатии омори Русия эълом кард, ки дар соли 2018 наздик ба 31 ҳазору 31 тоҷикистонӣ муҷаввизи иқомати доим дар ин кишварро дарёфт кардаанд, ки бесобиқа аст.

Дар ҳамин ҳол Вазорати умури дохилии Русия иттилоъ дода буд, ки дар соли 2017 беш аз 29 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро ба даст оварданд.

Манбаъ: Спутник

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97