Толибон бар як пойгоҳи низомӣ дар Ҳилманд ҳамла карданд

Хабари хуб 01.03.2019 13:53

Гурӯҳи Толибон шаби гузашта аз чанд самт болои пойгоҳи Шӯроб дар вилояти Ҳилманд ҳамла анҷом доданд.

Ба гуфтаи вазорати дифоъи Афғонистон, дар ин ҳамла 12 нафар аз Толибон даст доштанд, ки аз миёни онон чаҳор нафаршон кушта шуданд ва ҳамлагарони дигар дар муҳосираи нерӯҳои давлатӣ қарор гирифтанд.

Толибон низ дар паёме масъулияти ин ҳамларо ба уҳда гирифта ва гуфтаанд, ки афроди марбут ба ин гурӯҳ ба ин пойгоҳ ҳамла кардаанд. Гуфта мешавад, ки шумори афроди ҳамлакунанда ба бештар аз 20 нафар мерасад.

Пас аз ин, дафтари матбуъотии вилояти Ҳилманд таъйид ва навишта буд, ки дар ин ҳамла ба нерӯҳои амният талафот ворид шудааст. Ин манбаъ ҳамчунон таъкид кардааст, ки нерӯҳои амниятӣ посухи сахте ба ин ҳамла дода ва ба Толибон талафоти ҷиддӣ ворид шудааст.

Ин дар ҳоле аст, музокироти сулҳ байни гурӯҳи Толибон ва давлати Афғонистон замони ахир дар ҷараён аст.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97