Муҳлати сабти дубораи симкортҳо дар Тоҷикистон то моҳи август муқаррар гардид

Хабари хуб 01.03.2019 09:01

 Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати сабти дубораи симкортҳо дар кишварро то моҳи августи соли ҷорӣ муқаррар кардааст, ки барои муштариёни ширкатҳо мушкилиро ба бор овардааст, зеро танҳо бо шиносномаи дохилии пластикӣ (ID card) метавон сабти дубораи симкортро амалӣ кард.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳудуди се миилион нафар дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба шиносномаи дохилии пластикӣ (ID card) ниёз доранд.

Дар ҳамин ҳол, Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур хостааст, ки ин қарорро бозбинӣ ва ҷараёни сабти дубораи симкортҳоро бо шиносномаи пластикӣ ҳадди ақал то як сол, яъне моҳи феврали соли 2020, дароз кунад.

Корти нави пластикӣ дар Тоҷикистон аз соли 2014 ба ҷойи шиносномаи дохилӣ дода мешавад. Арзиши он беш аз 90 сомонӣ, муъодили 10 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст.

Интизор меравад, ширкатҳои мухобиротӣ рӯзҳои наздик тавассути паёмак муштариҳои худро барои сабти дубора расман огоҳ кунанд.

Як сол пеш мақомоти Тоҷикистон пешниҳод карда буданд, ки ба сабабҳои амниятӣ, нархи як симкорт 250 сомонӣ таъйин карда шавад. Пешниҳод мавҷи вокунишҳоро ба бор овард ва пеш аз иҷро боздошта шуд.

Ин тасмим рӯзи 9-уми феврали имсол бо сабти дубораи симкортҳо танҳо бо шиносномаи пластикӣ иваз карда шуд.

Манбаъ: радио Озодӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97