Идомаи таниш миёни Деҳлӣ ва Исломобод: Ҳинд аз Покистон хост халабони асири ин кишварро фавран озод кунад

Хабари хуб 28.02.2019 13:51

Вазири хориҷаи Ҳинд аз Покистон хост то пилоти асири ин кишварро ҳар чи сареътар ва бо саломати комил таҳвили Деҳлии Нав бидиҳад.

Сушма Сварадж вазири хориҷаи Ҳинд дар хитоб ба Покистон гуфт, ки ба сароҳат аз ин кишвар мехоҳем, ки дар ҳифзи саломат ва амнияти халабони асирафтодаи ҳиндӣ ҳар чи тезтар талоши худро ба кор гирад.

Хонум Сварадж ҳамчунин таъкид кард, ки интизори Ҳинд аз Покистон таҳвили сареъ ва саломати ин халабон аст.

Ҳинд ва Покистон рӯзи чаҳоршанбе муддаъӣ шуданд, ки ҳавопаймоҳои якдигарро ҳадаф қарор додаанд. Дар ҷараёни суқути як ҳавопаймои артиши Ҳинд дар хоки Покистон халабони ҳиндӣ ба асорати артиши Покистон афтод.

Таниши низомии ахир миёни Ҳинд ва Покистон аз замони ҳамлаи маргталабонаи гурӯҳи “Ҷайши Муҳаммад” ба сарбозони ҳиндӣ дар иёлати Кашмир оғоз шуд. Дар он ҳамла дасти кам 40 тан аз нерӯҳои низомии ҳиндӣ кушта шуданд.

Дар посух ба ин ҳамла ҳавопайҳои артиши Ҳиндустон ба як урдугоҳ, ки гуфта мешавад маҳалли омӯзиши амалиётҳои интиҳории нерӯҳои Ҷайши Муҳаммад дар Ҷамму Кашмири таҳти контроли Покистон буда, ҳамла карданд.

Ба дунболи нақзи ҳарими ҳавойии Покистон тавассути таёраҳои ҷангии ҳиндӣ артиши Покистон ду таёраи ҷангии ҳиндиро дар ҳарими фазойии ин кишвар ҳадаф қарор додаанд.

Яке аз ин ҷангандаҳо дар дохили хоки Покистон суқут карда ва яке дигари он дар дохили хоки Ҳинд суқут кардааст.

Нерӯҳои низомии Покистон як пилоти ин ҷангандаҳоро низ зинда боздошт карда ва амалиёти низомӣ барои пайдо кардани ду пилоти дуввумии ҳиндӣ дар минтақаи Ҷамму Кашмири зери идораи Покистон оғоз шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97