Ҳудуди 35 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар соли 2018 барои таҳсил вориди Русия шуданд

Хабари хуб 28.02.2019 11:23

Бино ба иттилоъи Вазорати умури хориҷаи Русия, аз Тоҷикистон ба Русия дар соли гузашта 34,7 ҳазор нафар барои таҳсил вориди ин кишвар шудааст.

Ин манбаъ афзудааст, ки дар соли 2018 ба Русия дар маҷмуъ 536,5 ҳазор ҷавонони хориҷӣ барои таҳсил омадаанд.

Аз ин теъдод 212 ҳазор ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба қайди муҳоҷиратӣ гирифта шудааст.

Бештари ҷавононе, ки мехоҳанд дар Русия таҳсил намоянд шаҳрвандони Қазоқистон мебошанд. Аз ин кишвар ба Русия наздик ба 86,5 ҳазор донишҷӯ омадааст.

Дар ҷои дувум Туркманистон ҷойгир шудааст. Аз ин кишвар ба Русия наздик ба 40 ҳазор донишҷӯ омадааст.

Аз Тоҷикистон ба Русия дар соли гузашта 34,7 ҳазор нафар барои таҳсил вориди ин кишвар шудааст. Узбакистон ба Русия 34,2 ҳазор донишҷӯ равон кардааст.

Инчунин, дар соли 2018 дар қайди муҳоҷиратӣ 16,6 ҳазор донишҷӯ аз Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст.

Ёдрас мешавем, ки дар соли 2018 бештари муҳоҷироне, ки ба Русия ворид мегаштанд аз Тоҷикистон будаанд.

Манбаъ: Спутник

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97