Ваъдаи беш аз 100 миллиард долларии Саъудӣ ба Ҳинд

Хабари хуб 22.02.2019 10:37

Шоҳи Арабистони Саъудӣ гуфтааст, ки фурсати сармоягузории беш аз 100 миллиард долларӣ дар Ҳинд вуҷуд дорад.

Ба гузориши Спутник, Муҳаммад бини Салмон валиъаҳди Арабистони Саъудӣ, ки ахиран ба Ҳинд сафар кардааст, рӯзи ҷаҳоршанбе дар дидор бо Нарендра Мудӣ нахуствазири Ҳинд эълом кард, ки зарфияти сармоягузории беш аз 100 миллиард доллар тайи ду соли оянда дар Ҳинд вуҷуд дорад.

Вай ҳамчунин дар хитоб ба Мудӣ афзуд: “мо мехоҳем бо шумо ҳамкорӣ кунем то ин сармоягузориҳо анҷом шавад ва итминон дорем, ки ҳар ду тараф аз он баҳраманд хоҳад шуд”.

Бини Салмон дар нишасти хабарии муштарак бо Мудӣ нахуствазири Ҳинд гуфт, ки терроризм масъалаи муштарак миёни ду кишвар аст ва Саъудӣ омода аст то додаҳои иттилоъотии худро дар ихтиёри Ҳинд бигузорад.

Ин дар ҳоле аст дар идомаи эътирозҳо ба сафари шоҳи Арабистони Саъудӣ ба Деҳлии Нав, ҳизби Кунгураи Ҳинд истиқболи нахуствазири ин кишвар аз бини Салмон дар майдони ҳавойиро маҳкум кард.

Бини Салмон қабл аз ин ба Покистон сафар дошт ва ба он кишвар низ аз сармоягузори 20 миллиард долларии Саудӣ хабар дода буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97