Тасдиқи намоди “Наврӯз-2019” тавассути раиси ҷумҳур

Хабари хуб 22.02.2019 09:04

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон тайи як қароре намоди (эмблемба) иди байналмиллалии Наврӯз барои соли 2019-ро тайид кард.

ИН намод ё нишона шакли доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, нақшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз – 2019» бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз намоди ҷашни байналмилалии «Наврӯз – 2019» ба таври бе маҳдуд истифода кунанд.

 

Ҳамчунин дар мувофиқа бо раиси ҷумҳур намудҳои халтачаҳои наврӯзӣ тасдиқ гардиданд.

 

Халтачаҳои наврӯзӣ, ки барои тӯҳфаҳо пешбинӣ шудаанд, бо шаклу дизайни гуногун таҳия карда шуда, дар онҳо рамзу ангораи Наврӯзи соли 2019 тасвир ёфтаанд.

 

Дар рӯзҳои иди байналмиллалии Наврӯз сокинони кишвар метавонанд барои гирифтани тӯҳфа аз он истифода кунанд.

 

Тӯҳфаҳо ба ятимон, беморон, барҷомондагон, пиронсолон, кӯдакону наврасон низ тавассути чунин халтачаҳои наврӯзӣ тақдим карда шавад.

 

Истифодаи чунин халтачаҳои наврӯзӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда мешавад.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97