Русия истифода аз смартфонҳо барои сарбозонро манъ кард

Хабари хуб 21.02.2019 15:00

Думаи Русия истифода аз телефонҳои ҳушманд (смартфон) тавассути сарбозон дар ҳини хидматро мамнуъ кард.

Райи намояндагони Думаи Русия ба ин тарҳ пас аз он анҷом шуд, ки истифодаи сарбозон аз шабакаҳои иҷтимоъӣ дар ҳини хидмат, боъиси бурузи нигарониҳое дар бораи масоили амнияти миллӣ шуд.

Мутобиқи тарҳи ба тасвиб расида, афроди низомӣ ҳаққи истифода аз телефонҳое, ки бо он метавон аксу видео гирифт ва ба интернет дастрасӣ доштро, нахоҳанд дошт.

Ҳамчунин сарбозон иҷоза нахоҳанд дошт дар бораи артиш чизе бинвисанд ва бо хабарнигорон суҳбат кунанд.

Беш аз 400 намоянда аз 450 намояндаи Думаи Русия ба ин тарҳ райи мусбат доданд.

Сарбозони русӣ дар ҳоли ҳозир қодир ба истифода аз телефонҳои ҳамроҳи маъмулӣ хоҳанд буд, аммо истифода аз ноутбук ва планшет ҳам мамнуъ шудааст.

Иттилоъоти шабакаҳои иҷтимоъии сарбозони русӣ боъис шуда то шуморе аз фаъолиятҳои сиррии низомии Русия ифшо шаванд.

Тарҳи тасвибшуда бояд ба тайиди маҷлиси санои Русия ҳам бирасад ва дар ниҳоят Владимир Путин онро имзо кунад.

Мақомҳои Русия гуфтаанд, ки чунин коре барои ҳифзи иттилоъоти низомӣ дар баробари созмонҳои иттилоъотии хориҷӣ зарурӣ аст.

Иттилоъоти истихроҷ шуда аз шабакаҳои иҷтимоъии сарбозони русӣ тайи солҳои ахир боъиси ошкор шудани ҳузури низомии Русия дар шарқи Укроин ва Сурия шудааст ва ин дар бархе мавоқеъ хилофи иддаъои расмии давлати Русия будааст.

Русия аввалин кишваре нест, ки чунин маҳдудиятҳоеро вазъ мекунад. Амрико низ агар чи истифода аз шабакаҳои иҷтимоъӣро манъ накарда, аммо низомиёни амрикоӣ аз дастурул амалҳо пайравӣ кунанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97