Байни Тоҷикистон ва Узбекистон гузаргоҳи нави марзӣ кушода мешавад

Хабари хуб 21.02.2019 10:24

Парлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи рӯзи гузашта протокол оид ба ворид намудани илова ба созишномаи Тоҷикистону Узбекистон дар бораи гузаргоҳҳои марзии давлатиро ба тасвиб расонд, ки бар пояи он гузаргоҳи нави "Ҳисор-Боботоғ" ба унвони сездаҳумин гузаргоҳ миёни ду кишвар мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон метавонанд тавассути як гузаргоҳи дигари марзӣ низ ба кишварҳои якдигар рафтуомад кунанд.

Ин гузаргоҳ дар 60-километрии ғарби шаҳри Душанбе воқеъ аст ва ноҳияи Ҳисори Тоҷикистонро бо минтақаи Боботоғи вилояти Сурхандарёи Узбекистон мепайвандад. То ба ҳол миёни Тоҷикистону Узбекистон 12 гузаргоҳи автомобилӣ ва 4 гузаргоҳи роҳи оҳан вуҷуд дошт.

Тибқи иттилоъи расмӣ, тӯли марзи миёни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 1400 километр аст. Аз соли 2002 дар марзи ду кишвар 16 гузаргоҳи сарҳадӣ мавҷуд буд, ки 12 адади он дар вилояти Суғд ҷойгир аст.

То аввали соли 2018 танҳо гузаргоҳҳои байналмиллалии "Дӯстӣ" дар ноҳияи Турсунзода, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ва "Фотеҳобод" дар ноҳияи Мастчоҳ, воқеъ дар шимоли кишвар, боз буданд. Гузаргоҳҳои дигар даҳ сол пеш масдуд шуданд.

Дар ҳоли ҳозир миёни ду кишвар 12 гузаргоҳи автомобилӣ ва 4 гузаргоҳи роҳи оҳан фаъол аст, ки ҳоло гузаргоҳи "Ҳисор-Боботоғ" ба онҳо изофа шуд.

Манбаъ: centralasian.org

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97