Коркарди тилло барои шаҳрвандон қонунӣ хоҳад шуд

Хабари хуб 20.02.2019 11:11

Ҳукумати Тоҷикистон ба зудӣ тарҳи қонун дар мавриди иҷоза ба шаҳрвандонш бобати истихроҷи тилло ва дигар фулӯзоти қиматбаҳоро баррасӣ хоҳад кард.

Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молияи Тоҷикистон ахиран дар нишасти матбуъотӣ гуфт: ин санад, ки чанде қабл бо ибтикори раиси ҷумҳури кишвар таҳия шуд, ба шаҳрвандон ҳуқуқи истихроҷи мустақилли тиллоро хоҳад дод. Барои ин шаҳрвандонро мебояд танҳо аз вазорати молия иҷоза дарёфт кунанд.

Дар сурате, ки ин тасмим гирифта мешавад, шаҳрвандон дар ҷойҳое, ки дар ихтиёри ягон ширкат нест, тилло истихроҷ хоҳанд кард.

Шаҳрвандон тиллои тавлидшударо озодона ба ниҳодҳои молии кишвар хоҳанд фурӯхт ва ин ниҳодҳо нархи хариди тилло аз шаҳрвандонро таъйин хоҳанд кард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97