Тоҷикистон роҳ барои таъмини рустоҳои марзии Афғонистон бо маводи ғизоиро боз кард

Хабари хуб 18.02.2019 09:48

Мақомоти Тоҷикистон баъд аз якуним моҳ як пулеро дар ҷануби кишвар боз карданд, ки дар зимистон ягона роҳи таъмини рустоҳои марзии Афғонистон бо маводи ғизоӣ ба ҳисоб меравад.

Пули "Шӯрообод-Хоҳон”- ро ки барои интиқоли молу маҳсулот ба чанд ноҳияи марзии шимоли Афғонистон хидмат мекард, рӯзи 1-уми январ баста буданд.

Ин роҳи иртиботӣ бо Афғонистон баъди он баста шуд, ки қочоқбарони маводи мухаддир аз он кишвар Турахон Нурматов, як чӯпони 42- солаи тоҷикро рабуданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки пул “бо далели амниятӣ” баста шуд.

Баъд аз ин руйдод сокинони ноҳияи Хоҳони Афғонистон гуфтанд, ки пас аз баста шудани пул, воридоти маводи ғизоӣ ба ноҳияи онҳо қатъ шуд ва агар пулро ба зудӣ боз накунанд, мумкин аст, мардум ба гуруснагӣ дучор шаванд.

Некмаҳмад Назарӣ, сухангӯи ҳукумати вилояти Бадахшони Афғонистон рӯзи 16-уми феврал гуфт, масъалаи боз кардани пул дар сатҳи вазоратҳои хориҷии ду кишвар баррасӣ шуд ва пас аз сӯҳбати ду ҷониб Тоҷикистон пулро боз кард.

Вай аз ҷумла гуфт: “ин пул барои мардуми се ноҳияи Бадахшон аҳамияти ҳаётӣ дорад. Бархе маҳсулоти соҳибкорон пӯсид, вале ба ҳар ҳол, мардум ба маҳсулоти аввалияи ғизоӣ дастрасӣ пайдо кард” .

Се ноҳияи наздимарзии Бадахшон иртиботи мустақим бо вилоятҳои дигари шимолии Афғонистонро надоранд ва бояд аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ва пули “Шӯрообод-Хоҳон”ба ноҳияҳои худ бирасанд.

Ноҳияҳои Хоҳон, Кӯфоб ва Шикайи вилояти Бадахшони Афғонистон дар зимистон ба марказ роҳ надоранд, аз ин рӯ, танҳо тариқи ин пул молу маҳсулот ворид мекунанд. Молу маҳсулоте, ки аз вилояти Кундузи Афғонистон харидорӣ мешавад, тариқи ин пул, пас аз убури хоки Тоҷикистон, дубора вориди ин қисмати Афғонистон мешаванд.

Пуле, ки боз карданд, 180-метр дарозӣ дорад ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистонро бо минтақаи Хоҳони Афғонистон мепайвандад. Пули мазкурро кӯмаки бунёди Оғохон ва ҳукумати Олмон ва бо харҷи бештар аз 3 миллион доллар сохтаанд.

Манбаъ: радиои Озодӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97