Ҳолу ҳавои Кобул дар рӯзи Ошиқон

Хабари хуб 14.02.2019 14:29

Шаҳри Кобул имрӯз бар хилофи рӯзҳои дигаре фазои дигаргуна дорад. Кӯчаҳои Кобул бо гулҳо ва паёмҳои ошиқона зебу зиннат дода шудааст ва ҷавононе дар он қадам мезананд, ки ишқро ҳамл мекунанд. Зебойи гулҳои тоза ва ҷашни Валентин (рӯзи Ошиқон ё ишқварзӣ) ранги ҳама чизро дар чаҳорроҳии Пули сурх ва кӯчаи гулфурӯшии шаҳри нави Кобул хиракунанда сохтааст.

Бисёре аз гулфурӯшиҳо ва мағозаҳо чанд рӯз ба ин су ба хотири гиромидошт аз рӯзи Ошиқон ё Валентин боз буданд ва ба муштариёнашон гул ва тӯҳфаҳо арза карданд. Он тавре ки аз симои шаҳр пайдост, зоҳиран таҷлил аз рӯзи Ошиқон нисбат ба солҳои қабл дар миёни ҷавонон бештар ривоҷ пайдо карда ва фурсати тозае ба онҳо бахшидааст.

Ин фазо танҳо дар ҳолу ҳавои пойтахт ҳоким нест, балки шабакаҳои иҷтимоъӣ низ ба далели сарозер шудани анбӯҳе аз паёмҳои ошиқона дар ҳоли инфиҷор аст. Бисёре аз корбарони ин шабакаҳо, рӯзи Ошиқонро ба дӯст, номзад ва ҳамсаршон муборакбод гуфта ва паёми ошиқона ва аксҳои якҷояшонро бозгузорӣ кардаанд.

Аммо дар ин миён ҳолу ҳавои сиёсии кишвар низ дастмояи танзу нигаронӣ барои ин корбарон будааст. Бархе аз корбарон бо ишора ба тавофуқоти эҳтимолии сулҳи давлат бо гурӯҳи Толибон, ба дӯстонашон тавсия кардаанд, ки аз ин рӯз ба хубӣ таҷлил кунанд, зеро ба бовари онҳо мумкин аст соли оянда бо омадани гурӯҳи Толибон фурсати чунин кореро надошта бошанд.

Ҷашни Валентин аз қарни саввуми мелодӣ ба ин су дар шуморе аз кишварҳои ҷаҳон ба номҳои мухталиф ривоҷ ёфтааст.

Ривоятҳое вуҷуд дорад, ки дар қарни саввуми мелодӣ фармонравое ба номи Клавдиюс (Клавдий) ақида доштааст, ки мардони муҷаррад нисбат ба ононе ки ҳамсар ва фарзанд доранд, сарбозони ҷангҷӯтар ва беҳтаре ҳастанд, аз ин рӯ издивоҷро барои сарбозони императории Рум, мамнуъ мекунад. 40 сол пас аз даврони Клавдий кашише (рӯҳонӣ) ба номи Валентин махфиёна ақди издивоҷи сарбозони румиро бо маҳбубаҳояшон ҷорӣ мекунад.

Ҳангоме ки Клавдийи дуввум аз ин кори Валентин хабар мешавад ӯро ба зиндон меандозад. Валентин дар зиндон бо духтари зиндонбоне, ки нобино будааст, ошно мешавад. Клавдийи 2 барои аз роҳ гаштани ин рӯҳонӣ зиёд талош мекунад, аммо вақте қаноъати Валентинро гирифта наметавонад, ҳукми эъдоми вайро содир мекунад.

Валентин ки бо духтари зиндонбон ошно шуда буд ва рӯзҳо бо ӯ муфассал сӯҳбат мекардааст, пеш аз эъдоми худ барояш корте мефиристад, ки рӯи он нигошта шудааст: “аз тарафи Валентини ту”.

Истилоҳе, ки то имрӯз мавриди истифода қарор дорад ва ба вуфур (фаровонӣ) бар рӯи кортҳои Валентин мушоҳида мешавад ва дар Афғонистон ҳам ин кортҳо вуҷуд дорад.

Манбаъ: "8-и субҳ". Кобул

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97