Таҳсил дар Академияи дипломатии Ҷумҳурии Озарбойҷон

Хабари хуб 12.02.2019 13:29

Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ" - и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кардааст, ки барои соли таҳсили 2019-2020 ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон аз рӯи зинаи бакалавр ва магистратура қабули ҳуҷҷатҳо имрӯз, 12 феврал ба поён мерасад.

Довталабон то охири рӯз метавонанд дар сомонаи Академияи дипломатии ВКХ Ҷумҳурии Озарбойҷон  www.ada.edu.az онлайн худро номнавис кунанд. Маълумоти бештарро аз Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ" (ш. Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода 47), ё тариқи телефон: 223-23-57, 223-23-59 дастрас намоед.

Донистани забони англисӣ дар сатҳи TOEFL/IELTS ҳатмӣ мебошад, зеро таҳсил дар ин даргоҳ бо забони байналмилалӣ, яъне англисӣ сурат мегирад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97