Озмуни шаҳрдорӣ барои “Беҳтарин армуғони сайёҳӣ”

Хабари хуб 12.02.2019 12:53

Ҳукумати шаҳри Душанбе дар чорчӯби нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 22 августи соли 2018, № 555 тасдиқ шудааст, озмуни «Беҳтарин армуғони сайёҳӣ»-ро эълом кардааст.

Тибқи иттилоъи маркази матбуъоти шаҳрдории пойтахт, бо мақсади нигоҳ доштани расму ойинҳо ва анъанаҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва пайдо намудани армуғони беҳтарин мансуб ба шаҳри Душанбе барои сайёҳону меҳмонони пойтахт, шаҳрдорӣ барои «Беҳтарин армуғони сайёҳӣ» озмун баргузор мекунад.

Гуфта мешавад, дар ин озмун хоҳишмандон, бидуни дар назар гирифтани сину сол ширкат карда метавонанд.

Барои иттилоъи бештар хоҳишмандон метавонанд , тариқи телефонҳои 223-18-28; 93-539-78-52 ва ё cуроғаи электронии: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. муроҷиат намоянд.

Охирин дархост барои иштирок дар озмун то 13 марти соли 2019 қабул мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97