Маркази миллии тестӣ: 1-уми март сабти довталабон ба донишгоҳҳо оғоз мешавад

Хабари хуб 06.02.2019 09:34

Маркази миллии тестии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шуруъ аз 1-уми марти соли ҷорӣ дар кишвар ба қайдгирии довталабон оғоз мегардад.

Бино ба иттилоъи хабаргузории “Ховар”,  дар робита ба ин Маркази миллии тестии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ семинарҳои омӯзишӣ оғоз намуд.

Маркази миллии тестӣ бо мақсади омӯзиш ва интихоби роҳбарон, ёварони роҳбарон, сабткунандагони нуқтаҳои бақайдгирӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди сабти номи довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ аз 4 феврали соли равон семинарҳои омӯзишӣ оғоз намуд.

Зикр гардид, ки мувофиқи нақша дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2019 дар 31 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 36 нуқтаи доимии бақайдгирӣ бо теъдоди 140 истгоҳи корӣ ва дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода мешаванд.

 Тибқи эълон тариқи электронӣ 350 нафар хоҳишманд бо мақсади иштирок дар озмун барои интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ ариза (бо ҳуҷҷатҳои дигар) пешниҳод намудаанд. Аз ин шумора, мувофиқи таҳлилу баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкарда, 347 нафар шахси аризадода ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд.

Барои баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Панҷакент, Рашт ва Данғара аз ҷумлаи кормандони марказ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Тибқи барнома, семинарҳои омӯзишӣ барои 14 гурӯҳ дар шаҳрҳои мазкур то 16 феврал давом меёбанд.

Дар асоси озмун шахсони ба талабот ҷавобгӯй ва дорои донишу маҳорати бештар барои кор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ интихоб карда мешаванд.

©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97