Фаронса «Гугл»-ро 50 миллион евро ҷарима баст

Хабари хуб 23.01.2019 13:29

Кишвари Фаронса ширкати Гуглро ба далели риъоят накардани қоъидаҳои ҳифзи ҳарими хусусии он кишвар ба маблағи 50 ҳазор евро ҷарима кард.

Идораи миллии иттилоъот, ки ниҳоди назораткунанда бар ҳифзи иттилоъоти шаҳрвандони Фаронса аст, эълом кард, ки ширкати Гугл қавонини ин кишварро дар ҳавзаи “ҳифзи ҳарими хусусӣ дар фазои интернетӣ” нақз кардааст. Ин идора гуфтааст, ки Гугл ба далели нақзи ин қавонин мебоист 50 миллион евро ба Фаронса бипардозад.

Ин рақам аз бузургтарин ҷаримаҳое аст, ки то кунун алайҳи Гугл вазъ шудааст.

Идораи миллии иттилоъоти Фаронса ҳамчунин гуфтааст, ки бузургтарин ҷустуҷӯгари ҷаҳон, фоқиди шафофияти лозим барои огоҳсозии корбарон дар заминаи баҳрагирӣ аз иттилоъоти шахсишон аст ва аз истифодаи ин ширкат аз иттилоъоти шаҳрвандони Фаронса барои таблиғоти ҳадафманд, яъне машкук сухан гуфтааст.

Қавонини ҳифозат аз иттилоъоти умумии шаҳрвандон дар Фаронса, иттиҳодияи Аврупо, ки бузургтарин маҷмуъаи қавонини ҳифзи ҳарими хусусиро шомил мешаванд, пас аз солҳо баҳсу баррасӣ перомуни он аз тобистони соли гузашта ба иҷро гузошта шудааст. Ин қавонин ба шаҳрвандон ин имконро муяссар мекунад, то бар иттилоъоти шахсии худ дар фазои интернет контроли беҳтар ва бештаре дошта бошанд.

Ба нақл аз баёнияи идораи миллии иттилоъот, рақами ин ҷарима бо таваҷҷуҳ ба қавонини ҳифозат аз иттилоъоти умумии шаҳрвандон дар Иттиҳодияи Аврупо таъйин шудааст.

Ҷаримаи 50 миллион евроӣи ширкати Гугл пас аз он вазъ шуд, ки созмони ғайридавлатии фаронсавӣ, яъне созмони “Ба ту чи!” мустақарр дар шаҳри Вена аз ширкати Гугл шикоят кард. Ин шикоёт аз ҳимояти бисёр болои мардумӣ бархӯрдор буд, ки ҳудудан 13 ҳазор тан, ин шикоятро имзо карда буданд.

Вокуниши ширкати Гугл

Пас аз пахши ин хабар Гугл дар вокуниш ба он эълом кард:

“мо аз иттилоъоти корбаронмон ҳеч истифодаи мубҳам ва машкуке намекунем ва айни ҳол мардум аз мо интизори зиёде дар мавзуъи шафофият ва контролро доранд, ки бар он воқиф ҳастем!.Мо амиқан мутаъаҳҳид ба риъояти қавонини Иттиҳодияи Аврупо дар ин замина ҳастем. Ин мавзуъро дар ҳамкорӣ бо мақомоти Фаронса баррасӣ карда ва гомҳои баъдиро хоҳем рафт”.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97