Харҷи молии фаъолияти радиои “Озодӣ” дар Тоҷикистон барои соли 2019 як миллиону 483 ҳазор доллар дар назар гирифта шудааст

Хабари хуб 23.01.2019 09:24

Барои фаъолияти радиои “Озодӣ”-и Амрико дар Осиёи Марказӣ дар солҳои 2017 – 2019, ки ҳазинаи онро Конгресси ин кишвар таъмин мекунад, дар маҷмӯъ, беш аз 25 миллион доллар будҷа дар назар гирифта шудааст.

Ба гузориши сомонаи “СА-News”, радиои “Озодӣ”-и Амрико барои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо панҷ забон: тоҷикӣ, узбакӣ, туркаманӣ, қазоқӣ ва қирғизӣ барнома пахш мекунад, ки ҳазинаи молии ин барномаҳо тайи се соли ахир ба ин шарҳ будааст:

 -буҷаи бахши тоҷикӣ дар соли 2017 як миллиону 775 ҳазор доллар, дар соли 2018 ду миллиону 134 ҳазор доллар ва дар соли 2019 як миллиону 483 ҳазор доллар;

-буҷаи бахши узбакӣ дар соли 2017 як миллиону 665 ҳазор доллар, дар соли 2018 ду миллиону 134 ҳазор доллар ва дар соли 2019 як миллиону 483 ҳазор доллар;

-буҷаи бахши қазоқӣ дар соли 2017 як миллиону 714 ҳазор доллар, дар соли 2018 ду миллиону 46 ҳазор доллар ва дар соли 2019 як миллиону 43 ҳазор доллар;

 -буҷаи бахши қирғизӣ дар соли 2017 ду миллиону 81 ҳазор доллар, дар соли 2018 ду миллиону 677 ҳазор доллар ва дар соли 2019 як миллиону 742 ҳазор доллар;

  -буҷаи бахши туркаманӣ дар соли 2017 як миллиону 734 ҳазор доллар, дар соли 2018 713 ҳазор доллар ва дар соли 2019 617 ҳазор доллар.

Радио “Озодӣ” таҳти мудирияти Ожонси давлатии умури расонаҳо қарор дорад ва дар соли 2018 ба 26 забон барои 23 кишвари ҷаҳон барнома пахш кардааст. Ин радио пахши мустақими ахборро дар радио ва телевизиони хеш дорад, ки маркази контроли он дар Вашингтон аст ва дафтари марказияш дар шаҳри Прага, пойтахти Чехия фаъолият мекунад. Бар асоси гузориши сойти радиои “Озодӣ”, дар ҳоли ҳозир дар ин радио 400 корманд доим ва 750 нафар ба таври ҳаққуззаҳмаӣ фаъолият мекунад.

Манбаъ: parstoday

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97