Дилшод Исматуллозода ба вазифаи Директори кулли ширкати хавопаймои "Точик Эйр" таъйин гардид

Хабари хуб 22.01.2019 13:45

Бо натиҷагирӣ аз маҷлиси васеъи ҳукумати Тоҷикистон ва роҳ додан ба камбудию норасоиҳои ҷиддӣ дар соҳаи бонкдорӣ ва фаъолияти ҶСК “Тоҷик Эйр” раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода ва директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов аз вазифа озод карда шуданд.

Имрӯз дар бинои ҳукумати Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати молия, Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”, Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” ва дигар идораҳои давлатӣ таъин шуданд, суҳбат намуданд.

Ҳамин тариқ, Исматуллозода Дилшод Абдуғаффор  директори генералии ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” ва  Икромӣ Сироҷиддин Салом раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”таъин карда шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки бино ба иттилоъи бархе хабаргузориҳо рӯзи гузашта Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни интиқод аз фаъолияти ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” дар ҷалпасаи васеъи ҳукумат  роҳбари “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов ва раиси “Амонатбонк” Руҳуллоҳ Ҳакимзодаро аз толори ҷаласа ҷавоб додааст.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97